Бо пайдоиши ҳар соҳае, бадкориҳо дар он ба миён меоянд, ки аз ин рӯйхат технология ҳам истисно намебошад. Имрӯз аксарияти инсонҳо бо воситаи технология корҳои ҳаррӯзаашонро анҷом медиҳанд. Ҳамарӯза барои корҳои мухталиф инсонҳо аз телефон, компютер, почтаҳои электронӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, ки ҳамаи ин бо рамзвожа(парол) ҳифз карда мешаванд. Агар Шумо ҳам ба қатори ин гуна одамон шомилед, пас бояд қоидаҳои доштани рамзи пурқувватро бидонед. Баъзеҳо ба ин андешаанд: “Ман ҳеҷ чизи муҳиме надорам, чаро бояд рамзи пурқувват ва душвор гузорам, ҳамин 12345 осон ва хотирмон аст, ки ба ман кифоягӣ мекунад.” Аммо дар хотир гиред, ки “қаллобони технологӣ” аз ин гуна одамон хеле хуб истифода карда метавонанд. Масалан боре як шахс бо номи Ахмедов С. аз Руссия хабар дода буд, ки кадом як қалобе рамзи шабакаи иҷтимоии фейсбукии ӯро шикаста, ба воситаи он аз дӯсташ ба миқдори калон қарз талаб кардааст. Дӯсташ ҳам бовар намуда, ба суроғаи гуфташуда пул фиристонидааст. Ахмедов С. аз ин кор танҳо баъд аз 2 ҳафта бохабар шудааст, ки аллакай кор аз кор гузаштааст. Ба ҳамин монанд зиёданд қаллобиҳое, ки ба воситаи дастрасӣ пайдо кардан ба “маҳрамхонаҳои маҷозӣ”-и дигарон амалӣ мегарданд. Агар Шумо намехоҳед, ки ин ҳолат ба Шумо рух диҳад, бояд рамзи пурқувват ва душвор дошта бошед.
Рамзи пурқувват аз чӣ таркиб ёфтааст?
1. Рамз набояд маълумоте дар бораи Шумо дошта бошад. Ном, насаб, рақами телефон, соли таваллуд ва дигар маълумоти Шумо набояд дар рамз вуҷуд дошта бошад. Танҳо бо ин сабаб ки рамзро дар хотир нигоҳ доред, онро хеле содда нагузоред. “Sharif98” – рамзҳои ба ин монанд хеле варианти бади рамзгузорианд. Ҳеҷ гоҳ ин гуна рамзҳоро нагузоред.
2. Рамз бояд ҳадди аққал аз 10-12 аломат зиёд бошад. Шикастани рамзҳое, ки камтар аз 10 аломат доранд, барои қаллобон хеле осон аст. Рамзатонро ҳамеша аз 10-12 аломат зиёд гузоред.
3. Дар рамз аз калимаҳои дӯстдоштаатон истифода накунед. Масалан “modar12345”. Инро донед, ки чунин калимаҳо барои рамзгузорӣ нестанд. Хеле хуб аст, агар дар рамз аз калимае истифода кунед, ки вуҷуд надошта бошад. Мисол: “hoSDahseFif”.
4. Рамз бояд аз ҳарфҳои хурд, ҳарфҳои калон, рақамҳо ва аломатҳои махсус таркиб ёфта бошад. Беҳтарин рамзҳо чунин буда метавонанд: “JaD.864d4!5M.7aS” (16 аломат, дорои ҳарфҳои калон, ҳарфҳои хурд, рақам ва аломатҳои махсус)
5. Як рамзро дар чанд ҷой истифода накунед. Барои ҳар як сомона ва ё шабака рамзи нав фикр намоед.
Боз чӣ роҳҳоро барои доштани рамзи пурқувват медонед? Бигӯед, то дигарон ҳам омӯзанд. 🙂


