Тафсири Сураи Алак / Иқраъ / Икраь – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Алақ 96-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 19 оят иборат аст.
Ин сураро сураи “Иқраъ” низ мегӯянд. Якчанд ояти сураи мазкур аввалин оятҳои нозилшудаи Қуръони карим аст.
Мавзӯъи ибтидоии он ваҳйи илоҳӣ бар Хотамуланбиё (с) дар ғори Ҳиро аст. Баъд амрҳои илоҳӣ зикр мешаванд. Инчунин хислатҳои бади инсон ва сабабҳои пайдоиши муқобилияти Абӯҷаҳли бадбахт ба намозхонии Расулуллоҳ (с) мавҷуд аст. Худованд ба Абӯҷаҳл ваъда медиҳад, ки агар ин амали бадро тарк накунад, гирифтори азоби шадид хоҳад шуд.
Ин сура бо даъвати хондану илм омӯхтан шурӯъ мешавад ва бо даъвати намоз хондан ба интиҳо мерасад. Яъне агар илм ба амал якҷо шавад, фоидарасон аст. Ин як ишораи таълимӣ ба сӯйи инсон аст, то бифаҳмад, ки илми беамал, ё амали беилм дар дунё ва охират фоидаи бояду шоядро дода наметавонад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Аз адибе
Рӯйхати оятҳои Сураи Алақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «