Тафсири Сураи Анбиё – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Анбиё» дар Макка нозил шуда, аз 112 оят иборат аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Аз он ҷое ки саргузашти баъзе аз пайғамбарон дар ин сура зикр мешавад, он «Анбиё» номгузорӣ шудааст. Саргузашти баъзе аз пайғамбарон ба таври хулоса ва баъзе аз онҳо ба таври мухтасар дар ин сура баён мегардад.
Сура ба мавзӯъҳои муҳимми ақидаи исломӣ дар заминаи рисолат, тавҳид (яктопарастӣ), қиёмат (ҳашр) ва ҷазо муроҷиат намуда, онҳоро мавриди назар қарор медиҳад. Дар оғоз сураи шариф бо баҳс пиромуни ғафлати инсон аз охират, ҳисобу китоб, ҷазову подоши амал шурӯъ мешавад. Сипас дар бораи дурӯғпиндорандагони каломи ҳақ сухан мепардозад. Дар бораи онҳое, ки ҳалоки гузаштагонро мушоҳида мекунанду аммо панд намегиранд, сухан мегӯяд. Сура далелҳои қудрати Худоро дар офоқ (коинот) ва инсон мавриди баррасӣ қарор дода, дар мавриди офариниш аз нестӣ бе ҳеҷ намунаи қаблӣ хабар медиҳад ва аз бо азаматии Офаридгори ботадбиру огоҳ ёдовар мешавад. Баъд аз ин бархурд ва амалкарди мушриконро хотирнишон месозад, ки чӣ тавр онҳо бо ришханд ва тамасхур бо Муҳаммад (с) рӯ ба рӯ мешуданд ва ӯ (с)-ро дурӯғгӯ меҳисобиданд.
Ба дунболи он суннат ва равиши ҷаҳоншумули Худоро дар нобуд кардани гарданкашон ва табаҳкорон ёдовар мешавад.
Сипас сура ба қиссаи баъзе аз пайғамбарон пардохта, аз он ҷумла, саргузашти Иброҳим (а)-ро, ки дарбаргирандаи панд ва андарзҳост, бо тафсил баён кардааст. Инчунин сураи мазкур достони Исҳоқ (а), Яъқуб (а), Лут (а), Нӯҳ (а), Довуд (а), Сулаймон (а), Айюб (а), Исмоил (а), Идрис (а), Зилкифл (а), Зуннун (Юнус (а), Закариё (а), Яҳё (а) ва Исо (а)-ро бо ихтисор нақл намуда, аз сахтиҳое ёдовар шудааст, ки анбиё (а) бо он рӯ ба рӯ буданд.
Дар хотима ҳамчун пайғамбар фиристода шудани Муҳаммад (с) ба унвони «Раҳмат бар оламиён» номбар шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «