Сураи Аср – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аср – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аср 103-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 3-оят иборат аст.

Ин сураи муборака ба кӯтоҳии худ нигоҳ накарда, бисёр мазмуни баланд дорад. Он сабаби саодатмандӣ ва шақоватмандии инсонро баён мекунад ва инчунин василаи наҷот ё зиёни инсонро маълум менамояд.

Аз рӯйи ривояти ҳазрати Имом Шофеъӣ (раз) агар дигар сураҳо нозил намешуд, барои мусулмонон ҳамин сура кифоягӣ мекард. Агар ду нафар аз асҳоби Пайғамбар (с) ба ҳамдигар рӯбарӯ мешуданд, то ин сураро ба якдигар намехонданд, аз ҳамдигар ҷудо намешуданд. Як ояти ин сура (ояти сеюм) сифати ҳақиқии уммати Ислом ва вазифаи ӯро баён кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Такосур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аср Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)