Тафсири Сураи аз-Зориёт – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт дар Макка нозил шуда Сураи 51-уми Қуръон буда, аз 60 оят иборат аст.
«Аз-Зориёт» сураест, ки барпо ва устувор доштани имонро талқин мекунад. Ин сура дар асоси пойдевори тақво ва имон ҳамчунин ақидаи саҳеҳу устувор, таваҷҷӯҳи инсонро ба сӯйи қудрати Худованди қаҳҳор ҷалб мекунад. Сура аз ҳадиси бодҳое, ки чангу ғуборро ба вуҷуд меоранд, киштиҳои бо қудрати воҳиди ваҳҳоб дар сатҳи об шинокунандаро ба ҳар тараф сайр медиҳанд, оғоз мегардад. Инчунин дар бораи абрҳое, ки аз онҳо борон меборад ва фариштагоне, ки ба тадбири корҳои халқи Худо муаккаланд, шурӯъ мешавад.
Ҳамчунин Ӯ таъоло ба ин чаҳор умур қасам ёд мекунад, ки зинда гардонидан баъди марг дар рӯзи қиёмат, албатта, воқеъ мегардад ва мукофоту ҷазои амал ногузир сурат мегирад. Баъди ин аз ҳадиси кофирони Макка ёд мешавад, ки Қуръон ва дори охиратро бовар накардаанд. Аҳволи ишон дар дунё, бозгаштанашон ба охират, ба коми нори Ҷаҳаннам афтодани онҳо ва азобу уқубаташон дар он ҷо арз мегардад. Сипас аз муъминони муттақӣ ва парҳезгороне, ки дар дунё муҳсину накӯкор, дар роҳи фармудаи Қуръон роғибу содиқ ва аз тарси ғазаби Худо дар биманд, зикр мешавад ва барои онҳо дар охират неъмату каромати илоҳӣ ваъда шудааст. Инчунин дар сураи мазкура далелҳои қудрати ваҳдоният дар ин олами бузургу паҳновар, чи дар осмон ва чи дар Замин, бо ин ҳама кӯҳҳо, саҳроҳо ва пастию нишебиҳояш, офаридани инсон дар сурати аҷибу тарҳу басти мураккабу ҳусну зебогие, ки беҳтарини махлуқот аст, баён мегардад.
Дар сура қиссаҳои ибратбахши ҳазрати Иброҳим, Лут ва Мӯсо (а) ёд мешавад, ки умматҳояшон ба эшон туҳмат бастанду фармудаҳои Худоро ба ҷо наоварда, тоғӣ (саркаш) шуданд ва ба хисороту (зарару) азобҳои сахт дучор омаданд, зикр мешавад. Ҳамчунин барои тасаллӣ ва сабақу ибрати соҳибони ақлу хирад такроран аз рӯзгори қавми Оду Самуд ва уммати ҳазрати Нӯҳ (а) мисол оварда мешавад.
Хатми сура мақсади офариниши инсон ва ҷинро баён мекунад, ки Худовандро бишносанд, Ӯро ибодат намоянд ва имону эътиқоду тавҳидашонро тоза созанд. Таваҷҷӯҳи бандагонро ба чӣ гунагии ибодатҳо ва роҳҳои қариб шудан ба Аллоҳ таъоло ҷалб менамояд.
Ин буд назари мухтасар ба мундариҷаи сураи «аз-Зориёт». Ва биллаҳит-тавфиқ.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «