Азамати мохи шарифи Рамазон (шархи Чоркитоб)

0

1- Дар моҳи рамазон дарҳои биҳишт боз, дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо занҷир зада мешаванд. Дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“إِذَا جَاءَ رَمَضَانُ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ،وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ النَّارِوَصُفِّدَتِ الشَّيَاطِينُ”  (كذا في صحيح مسلم -2/ 758- 1 – 1079- عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ)،

“Чун моҳи рамазон дарояд дарвозаҳои биҳишт боз ва дарвоҳазои дӯзах баста шуда ва шайтонҳо занҷир карда мешаванд”.

2- Як рӯз аз барои Аллоҳ рӯза доштан сабаби наҷот аз дӯзах шуда метавонад.

«مَا مِنْ عَبْدٍ يَصُومُ يَوْمًا فِي سَبِيلِ اللهِ، إِلَّا بَاعَدَ اللهُ، بِذَلِكَ الْيَوْمِ وَجْهَهُ عَنِ النَّارِ سَبْعِينَ خَرِيفًا»(كذا في صحيح مسلم -2/ 808- 167 – 1153-عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ)،

“ Ҳеҷ бандае нест, ки як рӯзро дар роҳи Аллоҳ рӯза бигирад, магар инки Аллоҳ таоло дар ивази он рӯз рӯи вайро ба масофаи ҳафтодсола роҳ аз дӯзах дӯр нигаҳ медорад”.

3-Аллоҳ таоло худаш подоши рӯзаи рӯзадорро даҳ баробар медиҳад. Дар ҳадиси қудсӣ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” чунин омадааст:

«يَتْرُكُ طَعَامَهُ وَشَرَابَهُ وَشَهْوَتَهُ مِنْ أَجْلِي الصِّيَامُ لِي، وَأَنَا أَجْزِي بِهِ وَالحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا» (كذا في صحيح البخاري -3/ 24/ 1894 -عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ)،

 “Аллоҳ мегӯяд: Рӯзадор хурдану нушидан ва шаҳваташро ба хотири ризои ман тарк месозад, рӯза барои ман аст ва ман худам подошашро медиҳам. Барои ҳар амали хайр даҳ баробар савоб аст”.

4-Рӯзадорон фардои қиёмат аз дарвозаи махсусе медароянд, ки райён ном дорад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“إِنَّ فِي الجَنَّةِ بَابًا يُقَالُ لَهُ الرَّيَّانُ،يَدْخُلُ مِنْهُ الصَّائِمُونَ يَوْمَ القِيَامَةِ، لاَ يَدْخُلُ مِنْهُ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ، “(كذا في صحيح البخاري -3/ 25- 1896 – عَنْ سَهْلٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)،

“Ҳамоно дар биҳишт дарвозаест, ки онро Райён меноманд ва фардои қиёмат аз он рӯзадорон дохил мешаванд ҷуз рӯзадорон каси дигаре аз он намедарояд”.

5-Касе бо имону яқин шаби қадрро дар тоъату ибодат зиндадорӣ бикунад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«مَنْ قَامَ لَيْلَةَ القَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا، غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ»(كذا في صحيح البخاري -3/ 26- 1901 -عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ)،

“Касе бо имону яқин бо қасди ҳосил кардани аҷру савоб шаби қадрро зиндадорӣ бикунад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд. Касе бо имону яқин бо қасди ҳосил кардани аҷру савоб моҳи рамазонро рӯза бидорад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд”.


Рӯзаи мусофир (шархи Чахор китоб)

Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)

Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣШеър дар васфи Рамазон – Руза
Мақолаи баъдӣМохи шарифи Рамазон 2025 (ният, таквим)