Ба гуристон гузар кардам …

0

Ба гуристон гузар кардам сабоҳе,
Шунидам нолаву афгону оҳе.
Шунидам каллае бо хок мегуфт:
Ки ин дуне намеарзад ба коҳе.

✍️Бобо Тоҳир

Канораш каллае дигар сар овард:
“К-эй магзи тиҳӣ ин чӣ кароҳат?
Арзиши дунёи ту камтар аз ин аст
Ки ӯро нисбат диҳӣ бар гарди коҳе”


Ба гуристон гузар кардам каму беш,
Бидидам ҳоли давлатманду дарвеш.
На дарвеше ба хоке бекафан буд,
На давлатманд буд аз як кафан беш.


Ба гуристон ту як боре гузар кун.
Макони насли одамро назар кун.
Ҳама монанди ту буд марди машҳур.
Шуданд охир асири хоки ин гур.


Ба гӯристон гузар як дам назар бар аҳли ҳасрат кун,
Сари ҳасрат печиданд дар чоки гиребонӣ.

Ба тоҷу тахту обу ранги ин фонӣ чӣ менозӣ,
Ки баъд аз муддати андак ба хоки даҳр яксонӣ?

Гузар аз обу рангу дун, бинои хонаи дил кун,
Ҷаҳон н-ояд ба кор, аммо ба кор ояд мусалмонӣ.

Мақолаи қаблӣДарахти макри зан сад реша дорад… (ҳикоя)
Мақолаи баъдӣДар ҳоҷатхона зиёд нишастан

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед