Сураи Буруҷ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ 85-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 22 оят иборат аст.

Сураи мазкура бар зидди душманоне, ки Паёмбари Худо ва дигар мусулмононро ба хотири аз динашон баргардонидан, мавриди тазйиқу фишор ва азобу шиканҷаи шадид қарор медоданд, нозил шудааст.

Худованд кофиронро ҳушдор додааст, ки агар аз ин амали худ даст накашанд, онҳоро азобҳои сангин интизор аст. Муъминонро бошад, ба сабру таҳаммул даъват мекунад. Ҳамчунин аз диндорони умматони гузашта, ки азобҳои зиёдеро паси сар намуда буданд, ёд мешавад ва барои тақвияти ин қиссаи “Асҳоби ухдуд” мисол оварда мешавад.

Аз Фиръавну Самуд барин кофирони машҳур ва аз артиши онҳо, ки ба шикаст дучор омадаанд, сухан меравад. Мувофиқи ваъдаи Худованд, оқибат ба муъминҳо аз Ҷаннат ва ба кофирон аз Ҷаҳаннам макон дода мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Буруҷ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)