Ишқ он набувад, ки ҳамчун булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимириву нанолӣ ишқ аст.
Ишқ тибқи тафсилоти фарҳангҳо калимаи арабии “ашақа” мебошад. Ашақа номи гиёҳи сархурест, ки функсияааш печидану ба тадриҷ харобу нобуд кардани дарахту ниҳолҳост. Бо вуҷуди таълифоти луғавии худ ишқи байни ду навҷавон ин баҳамоии ду дил, меҳру муҳаббат ва вобастагии равонӣ мебошад, на чизи бештар аз инҳо. Ишқ қаблтар аз ҳама талаботи равонии инсонҳост. Ва танҳо боре ба дидори машъуқ(а) расидан ин қонеъ гардонидани ин талабот, яъне талаботи равонист. Аммо чун вақтҳои охир мушоҳида мекунем, иддае аз “ошиқон”-и мо талаботи равонӣ будани ишқро куллан аз хотир барвардаву онро ба талаботи ҷисмонии худ мубаддал гардонидаанд. Шояд инҳо ҳама қиссаи «Юсуф ва Зулайхо»-ро аз хотир баровардаанд, ки он ҷо Зулайхо айнан ишқро дар шакли талаботи ҷисмонии худ дарёфтаву мехост бо ин ҳадаф Юсуфро ба коми ақидаи худ кашад. Аммо чун ишқ азалан пок асту талаботи равонӣ он орист аз ҳама гуна нопокиҳои дигари заминӣ. …,
Фалсафаи устоди рубоии тоҷику форс Умари Хайём низ тараннумгари талаботи равони будани ишқ аст. Ба гунаи мисол байти дар боло овардашударо агар таҳлил карда (дар шакли талаботи равони будани ишқ) бароем, пас маълумамон мегардад, ки ишқ воқеан ҳам пулест барои расидан ба мартабаи олии одамгарӣ. Ба ҳамин хотир моро мебояд фаҳмиши маҳдудаи худро ҳарчӣ васеъ намудаву дар ин ҷода касеро гунаҳкор нашумарем. Мо танҳо ниёз ба боғҳои истироҳатие дорем, ки онҷо ошиқони асил аз дидори ҳамдигар сер хоҳанд гашт. Чизе, ки пайванди бо интим дорад ин ишқ нест, агар бошад аз доираи фарҳангу дини волои мо берун асту унвони ишқи қалбакиро дорад. Ё худ ин ҳама аъмолеро мемонанд, ки ба чаҳорчӯбаи минталитети волои Шарқиёнаи мо созгор нестанд.
Табиист, ки пас аз балоғат дилхоҳ инсонро ҳавас мебарад, то таваҷҷӯҳи намояндаи ҷинси муқобили худро сазовор бошад. Ана ҳамин талабот низ талаботи равонист, зеро инсон дар ин ҳол танҳо бо мағзи худ фикр кардаву нақшакашӣ мекунад, на ба узви дигар. Ва чун таваҷҷӯҳи фарз кардем духтарро писар дарёфт дар ин марҳила сар мезанад энергияи эҷодкоронаи навҷавон. Ин давраи ҳаётӣ аслан давраи ошиқшавӣ ном дорад. Дар ин айём писар метавонад энергияи пайдошударо бутун барои қонеъ гардонидани талаботи ҷисмонии худ сарф созад, яъне ба боғи истироҳатӣ раваду онҷо бо духтари гӯё ошиқаш бехи сояе ба амалҳои интим машғул шавад. Аммо мешавад, ки ҳамин энергия на ба боғу бусу канор, балки ба эҷоду кашфиёт ва навовариҳо сарф шавад. Оре, намояндагони аҳли фаҳм, зиёиён, кошифони жанрҳои нав дар адабиёт ҳама ҳамагӣ ошиқ буданду ҳастанд. Ошиқ ба фаъолияти худ, ошиқ ба шеъру таронаву чакомаи худ. Зеро танҳо ва танҳо нафари ошиқ имкони офаридани асару нигоштаҳои хонаданибобро дорад. Дигарон низ шояд нависанд чизе, аммо навиштаҳояшон танҳо писанди худашону ношир хоҳад буду бас.
Ва ҳам ин нуктаро ҳангоми омӯзиши тарҷумаи ҳоли ашхоси номдору муваффақи пешину муосир дарёфтан мумкин аст. Фарзи мисол, Марк Тсукерберги миллиордери ҷавон ҳанӯз дар овони 16-17 солагии худ нахустин тарҳи “Facebook”-ашро пешкаш намуда буд. Ин ҳамон Facebook-ест, ки бо даромади солонаи миллиардҳо доллари худ шабакаи иҷтимоии машҳуртарини олам ба шумор меравад.
Пуштипардагӣ будани ишқ
Рости гап чун худ низ ҷавонам аз даҳони бисёр писарони ба қавле “арӯсбоз” шунидаам, ки дасту дили кас намешавад нисбати духтари дӯстдоштааш дар кадом як ҷои намоёни хиёбони шаҳр амалҳои маҳрамона анҷом дода бошад. Ин аст азамати ишқи азалӣ, ки ниёзи бештар ба шарҳ надорад. Қуфти ошиқон ва худи ишқ ду омилеанд, ки аз интими намошкорона фарсахҳо дуранд. Ва бадбахт маҳз ана ҳамон нафарест, ки ҳамин нуктаро дарку эҳсос намекунад. Ин пардаеро мемонад миёни ошиқони асил ва “фалшивка”.
Аҷиб аст ҳангоме, ки бештари мардум аз таваллуд нашудани фарзонафарзандон дар замони муосир нигаронанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё бо ин гуна намоишкориву бадномсозии ишқу бӯсу канори ошкоро метавонем (махсусан) аз ин ду тухмҳуҷайра нобиғаеро интизор бошем?!
Гумонам замоне фаро расидааст, ҷавонони имрӯзаи мо аз сайри боғҳову намошкории ишқи худ андаке фориғ гардидаву бо ҳама ишқи худ (агар ҳақиқатан он бошад) дар ҷодаи илму фан пешгомиро ихтиёр намоянд. Дар сурати акс ин ҳама боғравию ишқварзиҳо ба ҷуз аз пур кардани шумораи аҳолӣ (масъалаи демографияи миллӣ) барои миллату сарзамини шарифи мо чизи дигаре намеоранд…
Ишқ-василае барои рушд
Фарз кардем, агар ин омаду рафтҳову бусу канорҳо ба боғҳо амсила (прототип)-и сафинае бошанд яқин шуморидан дуруст аст, ки он, яъне Сафинаи мо роҳи нодурустеро пайгир аст. Зеро ин роҳ роҳи кӯҳанест дар харитаи пешин. Дар садаи нав, ҳамон гуна, ки аз вазъи феълии ҷаҳон маълум аст, бо ин роҳи пешанамудааш сафинаи мо сӯи торикиву тундбод ҳаракат дораду ҳаракат… Зимнан, агар мафҳуми “арус” аз тани духтарон канда шаваду писарон низ барои кадом духтаре “кавалер” набошанд олам гулистон мегардад. О, мешавад, ки ин ҳама муносибатро пас аз никоҳи расмӣ ривоҷ дод. Чун пеш аз никоҳ қарор дорему соҳибмаълумот мо метавонем дасти якдигарро гирифтаву оянда ба ҳайси кадри хуб ба воя расем.
Самимияти донишҷӯёни даврони советӣ, ки қавитар буд маҳз бо ҳамин принсип бастагӣ дошт: яъне ҳамкурсон духтару писар то дами издивоҷи яке муносибати ҳасанаи дӯстонаашонро идома медоданд. Аммо ҳоло гӯё ҳама дар атроф скептик (нобовар) бошанд, ки ҷавондухтареро бо ҳамкурсаш (ҷавонписар) ҳатто дар китобхона танҳо дарёфтанд, ҳатман овоза мехезад, ки фалони аруси фалонист… ана ҳамин аст дарду сирри ниҳонии донишҷӯёнаи мо, ки ҳатто аз ҳамтабақи худ боварӣ надорем. Балки боварии мо ба он аст, ки байни духтару писар дустиву рафоқат мавҷуд буда наметавонад — касодтарин андеша! Мо бо ин андешаи асримиёнагии акнун мӯдшӯдаи худ дар ин замони нав ҳатто як қадам ба пеш намеравем.
Додугирифти илмӣ ва ё бартери фикрҳои ҳамдигар, яъне афкори (ду навҷавони ҷинси муқобил) падидаи некест дар ҷаҳони муосир, ки кулли оламро ба пешравиҳои назаррас мувоҷеҳ гардонидааст. Зеро андешаи ҷинси мард ҳароина аз андешаи зан фарқкунанда аст. Ва барои кашидани лоиҳаву тарҳи тиҷорат ё кори илмиву равонӣ, ки акнун “стратап” унвон доранд маҳз андешаи ду ҷинс лозим мешавад. Лиҳозо намешавад дар замони нав, ки бешак дар он аз иттилоот дида чизе гаронарзиштар нест афкори касе нолозим буда бошад-махсусан афкори духтар, зан, модар…
Ҳатто тасаввур нокарданист, ки агар ду мағзи муқобил (ҷинсҳои муқобил дар назар аст), ду дилдода аз сайри мунтазами боғу чаман даст кашидаву дар ҷодаи илму фан камари ҳиммат бубанданд, пас чӣ пешравие моро интизор аст. Фарзи мисол, агар писар аз руи ихтисос менеҷер бошаду духтар бухгалтер, пас яқин метавон ҳадс зад, ки дар натиҷаи ҳамкории мутақобила (дар доираи илму фан) ин ҷуфт метавонанд тавлидкунандагони идеяхои ҷолибтарин дар самти сохибкори бошанд. Зеро ягон корхонаро бе бухгалтеру ягон бухгалтерро бе рохбару идоракунада тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин формулаест, ки инсонҳои хуб ОЛАМ сохтанду барои хеш тариқаи зиндагӣ. Фақат баҳона пеш овардан лозим нест, ки ин кор оқибат надораду намешавад. Ман бароятон мегӯям, ки мешавад! Зеро майнае, ки ба кори илмӣ банд аст фурсати андешидани фаҳшу фисқу фуҷурро надорад!!!
Ҳоло бо шарофати пешравиҳои назаррас дар ҷодаи илму нанотехнология бухгалтерони мо аз барномаи машҳури 1С истифода мебаранд. Асосгузори ана ҳамин барнома, ки худ барномасози компютер аст бо идеяи додаи завҷааш (ихтисосаш бухгалтер) ба сохтани чунин барномаи лозима комёб гардидааст. Ё, агар хонума Ада Лавлейс (нахуст барномарези компютер) “просто” арӯси касе мебуду энергияи томашро на ба ҷодаи илм, балки ба бӯсу канор мебахшид, пас ҳоло мӯъҷизаи аср-компютер аз металли муқаррарие монданӣ надошт. Инҷо танҳо ду мисол аз соҳаи информатика ман пешкаш намудам. Боз ҳамкориҳои тарафайн байни марду зан олами илму фанро чуноне фурӯзон намудаст, ки дастранҷи онҳост ин ҳама ободиҳо!
Лиҳозо, хуб мебуд, агар ҷавонону наврасони мо ҳама корҳои марбут ба бӯсу канори намоишкоронаи худро то давраи баъд аз никоҳ мавқуф гузоштаву то он давр бо ҷуфти худ дӯст бошанд. Ва ин ҳам ёдгоре аз суннати волои ниёкони пуршарафи мо хоҳад буд: яъне то никоҳ ба шаъну шарафи ҷуфти худ исёне наовардан. Зеро 70%-и ҷуфтҳои боғрави навошиқони даврони мо онҷо бо ҳадафи бӯсу канор мераванд на чизи дигар. Ҳамон гуна ки болотар қайд кардем ҷовони ба ору номус ягон вақт дилдодаи хешро тибқи минталитету таоруфи миллӣ намоишкорона назди тӯдаи истироҳаткунандагон намебӯсад. Ҳадаф аз навиштани ин матлаб низ ҳамин аст-бунёди боғҳои суннатӣ, ки навҷавононро танҳо ба покиву назокат ва дунёи орӣ аз фаҳшо ҳидоят месозад.
Аз блоги инфиродии Шодӣ Муродов (murodiyon.wordpress.com)
ишк, ошики, маъшука, вохури бо духтар, ишку ошикии имруза, чавонон, бо забони точики, суйи дониш, сайти точики.
Ин дунё абади нест пас чаро ин кадар кушиш мекунед ба зиндагии илму техника