Тафсири Сураи Духон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Духон 44-уми сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 53 оят иборат аст.
Ҳадафҳои ин сураи карима чун дигар сураҳои дар Маккаи муаззама нозилшуда аз комил сохтани ақидаи исломӣ ба мисли тавҳид, фиристодани пайғамбар, омадани Қиёмат, китоби самовӣ ва муъҷиза будани Қуръон ва ғайра иборат аст.
Сура ба он оғоз меёбад, ки Қуръон муъҷизаи абадӣ буда, то замоне, ки замину он чӣ дар Замин аст, ба сӯйи Ӯ таъоло руҷӯъ мекунанд, боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, ки ин китоби муқаддас дар шаби бузурги “Лайлатулқадр” ба расули Худо (с) нозил шуд. Ин шаб барои бандагон афзали шабҳо дониста шудааст. Дигар шарафи бузургии ин шаб ин аст, ки дар он амалҳои яксолаи махлуқот тадбиру ҳаллу фасл мешавад. Он чунон шабест, ки Аллоҳ таъоло дар он охирин китоби осмониро ба охирин набии мурсал (с) нозил намудааст. Ин мазмун дар “сураи Қадр” ҳам, иншоаллоҳ, баён мешавад.
Баъдан аҳволи мушриконе, ки бо вуҷуди ин Қадар оятҳои равшан ва далелҳои Қотеи Қуръон, ки онҳоро барои роҳи хаторо пеш гирифтанашон бим медиҳаду онҳо ҳанӯз ҳам дар шакку шубҳаанд, баён месозад.
Боз ҳоли Фиръавну Қавми ӯ, ки бар асари саркашӣ ва гуноҳҳои содиркардаашон ба азобҳои илоҳӣ мубтало шуда, ба ҳалокат расиданду нишонаҳое баъд аз онҳо боқӣ монд, зикр карда мешавад.
Ононе, ки расули Худо (с)-ро дурӯғгӯй ҳисобидаанд, Қуръонро китоби осмонӣ надонистаанд ва зинда гардонидани баъд аз мирониданро бовар накарданду дар омадани Қиёмат шак доштанд ва ба сӯйи тавба рӯ наоварданд, хусусан Қавми Қурайшро шадидан таҳти мазаммат Қарор медиҳад. Таъкид мешавад, ки онҳо назди Аллоҳ таъоло аз умматҳои саркаши гузашта “азизтар” нестанд. Чун онҳоро бо сабаби саркашиашон ҳалок сохта, ҳар касе ё Қавме ба онҳо монанд мешавад, ба мисли онҳо ҳалокашон созад, аҷаб нест. Зеро Аллоҳ таъоло аз ин суннату одати Хеш барнамегардад ва ваъдаи Худро ҳаргиз хилоф намекунад.
Хатми сура бозгашти некбахтону бадбахтонро бо роҳи ҷамъ намудан байни тарғибу тарҳиб ва муждаву тарс баён месозад.
Мурод аз “Духон” ном гирифтани сура барои тарсу бим додани кофирон аст. Вақто ки онҳо Худоро дурӯғгӯй ҳисобиданд, Аллоҳ таъоло ба онҳо дудро (духон) фиристод ва наздик буд, ки ба ҳалокат расанд, вале бо баракати дуъои ҳазрати Муҳаммад (с) Аллоҳ таъоло наҷоташон дод.
Сабаби нузули ин сураро муфассирони киром аз Ибни Масъуд (р) чунин ривоят кардаанд: Чун Қурайшиҳо ба Расули Худо (с) бисёр осӣ шудаанд, Он Ҳазрат (с) барои омадани хушксолӣ чун хушксолии замони ҳазрати Юсуф (а) дуъо карданд. Пас хушксолӣ, Қаҳатию гуруснагии ниҳоят сахт ҳукмфармо шуд. Ҳатто аз камбудии ғизо устухонҳоро мехӯранд. Агар марде ба сӯйи Осмон назар меандохт, аз беқувватии худ ё аз асари гуруснагӣ буд, ки то Осмон ҳамаро ба сурати дуд медид. Пас, ба назди Расулуллоҳ (с) омада, гуфтанд: «Ё Расули Худо, барои Бани Музар аз Худованд борон талаб кун, вагарна ҳама ба ҳалокат мерасанд.» Ҳазрати Муҳаммад (с) ба сӯйи Аллоҳ таъоло дасти дуъо бардошта, илтиҷои борони раҳмат кард, дуъои ӯ (с) мустаҷоб шуду борон борид ва ҳама сероб шуду аз марг наҷот ёфтанд. Он гоҳ ояти 15-ум, яъне “Инна кашафна…” нозил шуд. Чун роҳату осоиш ба онҳо расид, боз ба асли пешини худ, яъне ба ширк варзидан баргаштанд. Аллоҳ таъоло ояти 16-ум, яъне “Явма набтишу…”-ро ваҳй фиристод.
Хонандаи мухлис, иншоаллоҳ, дар рафти тарҷума маълумоти худро комилтар хоҳед сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «