Сураи Фаҷр – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фачр – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фаҷр 89-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 30 оят иборат аст.

Дар ин сура аввало Худованд ба чанд ашё савганд ёд мекунад. Баъд аз он, сабаби савганди Худро зикр месозад. Нахуст аз саргузашти қавми Од ва шаҳри “Ирам”, ки қавми Од дар он зиндагӣ доштанд, сухан меронад. Баъд аз қавми “Самуд” ва Фиръавн ва оқибати кори онҳо сухан мекунад.

Давоми сура дар бораи бандагони шукргузору ношукр, ҳаққи ятимону моли мерос сухан меронад. Муҳаббати моли дунё, омадани қиёмат, таассуфи афроде, ки дар ин дунё амали солеҳ накарданд ва азоби онҳо дар давоми сура мавҷуд аст.

Инчунин дар бораи бандагони азизи назди даргоҳи Рабби оламиён ва Ҷаннат суханронӣ мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғошияҳ Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фаҷр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)