Сураи Фуссилат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи “Фуссилат“ ё “Ҳа мим саҷда” 41-умин сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 54 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Вазифаи асосии ин сура аз баҳсу муҳокима атрофи чандин масъалаи муҳим иборат аст. Аз он ҷумла ба паҳлуҳои ақидаи исломӣ, ки умдатарини он ин ваҳдоният, рисолат, зинда гардонидан баъд аз миронидан ва вуқӯи Қиёмату ҳисобу ҷазои он рӯз рӯшанӣ меандозад. Асос ва маҳаки (ҳадафи) умдаи сураҳои дар Макка нозил шуда ҳам, аз ҳамин иборатанд. Ин сураҳо асосан ба рукнҳои имони ростин диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Сураи “Фуссилат” ҳам бо ҳуҷҷату бурҳони раднашаванда рисолати Муҳаммад (с)-ро собит сохта, ёдрас менамояд, ки Қуръоне, ки башарро оҷизкунанда аст, маҳз ба пайғамбари охируззамон нозил гардидааст. Ҳамчунин сухан аз он меравад, ки пайғамбарии Муҳаммад (с) ҳақиқӣ буда, ӯ (с) аз ҷинси инсон асту Аллоҳ таъоло ӯ (с)-ро аз миёни тамоми халқ чун пайғамбари хеш, то мардумро ба сӯйи тавҳид даъват намояд, интихоб намудааст.

Баъдан сура ба хонанда аз офариниши олам хабар медиҳад. Осмонҳо ва Замин бо андозаҳои ҳақиқӣ ва муҳкам шаклбандӣ гаштаанд, ки ягон эътирозкунанда ҳарчанд ба онҳо бо назари айбҷӯӣ дида дӯзад ҳам, айбу нуқсоне дар онҳо ёфта наметавонад. Бо вуҷуди ин афроде ёфт мешаванд, ки дар зулмоти куфру гумроҳӣ ғарқ гардида, байни куфру имон тафовут гузошта наметавонанд ба ин муъҷизаҳои Аллоҳ таъоло, ки ҳар яке далолат ба бузургию азамати Холиқи худ мекунанд, эътибор диҳанд ва ба ваҳдонияти Ӯ таъоло имон оранд.

Сипас бошишгоҳи дурӯғпиндорандагонро баён намуда, барои огоҳии ин ҷамоа аз ҳалоки боқувваттарин ва нерӯмандтарин Қавмҳои гузашта, яъне Қавми Од, ки бо зӯрии худ ғуруру кибр варзида, бо ифтихор мегуфтанд: “Кӣ аз мо зӯртар аст?”, мисол оварда, дигаронро аз амали мисли онҳо бар ҳазар медорад.

Баъдан, бо услуби хос дар ин сура ҳадиси муҷримон (гунаҳкорон) баён мегардад. Инчунин аз муъминҳои муттақие, ки бо истиқомати худ дар шариъати Аллоҳ дини исломро ривоҷу равнақ додаанд, ёд мешавад. Аллоҳ таъоло дар роҳи Ҷаннат ба пайғамбарон, содиқон, шаҳидон, солеҳон ва муқаррабон (шахсони ба Худо наздик)-ро амният ваъда додааст.

Ҳамчунин ашёи муҳити атрофро баён мекунад, ки ҳар яке нишонае аз Қудрати беинтиҳои Аллоҳ таъолост, вале мулҳидон (бединҳо) ба мисли нобино ин ҳама аҷоиботу муъҷизаҳоро, ки саршор аз панду ҳикматанд, намебинанд ва ёваи зиёд мегӯянд.

Дар хотима Аллоҳи таъоло бо ваъдаи худ бани инсонро аз ошкор намудани баъзе сирҳои олам, ки дар охири замон пайдо мешаванд, огоҳ месозад.

Муъминон метавонанд аз он чӣ Қуръон хабар додааст, алайҳи инкоркунандагони Қуръон далелҳо биёранд ва бо ҳамин, иншоаллоҳ, сура ба охир мерасад.

Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи оятҳои ин сура.

Ва биллоҳит тавфиқ!


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)