Сураи Ҳаҷ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи «Ҳаҷ» дар Мадина нозил шуда аз 78 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Ин сура монанди дигар сураҳои дар Мадина нозилшуда масъалаҳои шариъати исломиро баррасӣ менамояд. Инчунин мавзӯъҳои ақидавӣ мисли имон, тавҳид, қиёмат ва манзараҳои он, тарс ва ҳароси мардум дар он рӯз дар ин сура низ баён шудааст.

Сура бо зикри зилзилаи сахт ва таҳлукаовар, ки пеш аз барпошавии қиёмат воқеъ мегардад, оғоз шудааст ва он чунон даҳшатнок аст, ки на танҳо қасрҳо ва кӯшкҳоро зеру забар мекунад, балки тарсу ҳароси он ба модарони ширдеҳ чунон таъсир мекунад, ки ҳатто онҳоро аз кӯдакони ширхораашон ғофил мегардонад, занҳои ҳомила низ аз тарси он зилзила сақти ҷанин мекунанд. Инсонҳо аз ваҳшати он рӯз мисли инсони маст мекалованд, дар ҳоле ки май нанӯшидаанд.

Сипас, сура хабар медиҳад, ки накӯкорон дар манзилҳои пурнеъмати Биҳишт ҷой мегиранд ва бадкорон вориди Дӯзах мегарданд. Дар оятҳои охири сура беқадрии бутҳо ва бутпарастонро бо мисоле баён намуда, инсонҳоро ба пайравӣ аз дини Ислом, дини Ҳақ ва мӯътадил даъват мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)