Тафсири Сураи Камар – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар 54-ум сураи Қуръон буда, он дар Макка нозил шуда аз 55 оят иборат аст.
Ин сура чун дигар сураҳои дар Макка нозилшуда ба тарбияи ақидаи исломӣ нигаронида шудааст. Дар ибтидои сура яке аз муъҷизаҳои машҳури Расули акрам (с) ду ним гаштани Моҳ зикр мегардад. Дар давоми сура бо овардани қиссаҳои қавмҳои саркаш дар замонҳои гуногун ба китобҳо ва пайғамбарони Худо бовар намекарданд, саркашӣ намуда, бо пайғамбарон душманӣ меварзиданд ва оқибат гирифтори даҳшат шуда ҳалок гаштанд, нақл мегардад. Ин қиссаҳо барои ҳушдор ва ибрати бандагон аст, ки аз амри Парвардигори худ саркашӣ накунанд, аз Расули барҳаққи Ӯ таъоло (с) пайравӣ намоянд ва ҳангоми зинда будан барои рӯзи охират омодагӣ бигиранд, то дар рӯзи қиёмат шармсор ва хору зор нагарданд.
Тибқи услуби қуръонӣ хатми сура оқибати кори инсонҳои гунаҳкори бадбахт ва инсонҳои муъмини парҳезгор бозгӯ месозад. Аз баёни ояти мутааллиқ ба гунаҳкорону муҷримон оҳанги тарсу бим додан эҳсос мешавад, ки анҷомаш азоб ва ҳалоки доимист. Оятҳои вобаста ба парҳезгорон аз саодатмандӣ ва комёб гаштан ба неъматҳои беназири Аллоҳ таъоло, ҳамчунин аз наҷот хушхабар медиҳанд.
Ин буд назари кӯтоҳе аз мундариҷаи сураи «Қамар».
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «