Киссаи хазрати Нух (а). Қиссаи ҳазрати Нӯҳ (а)
Офаридгори оламу одам ва ҳама соҳибони дам ҳазрати Раббулъиззат Одам Ато (а)-ро аз ҷаннати анбарсиришт ба замини дунё поин овард. Чун Худованди таборак ва таъоло ба фарзандони ӯ (а) файзу баракот арзонӣ дошт, рӯз ба рӯз дар рӯйи Замин шумори онҳо зиёд гардида, кору зиндагӣ менамуданд.
Ҳамаи онҳо ба дине, ки Одам (а) дошт, эътиқодманд буданд ва Худои ягонаро парастиш мекарданд. Иблис (алайҳи лаънаҳ), ки барои аз роҳ задани фарзандони Одам (а) савганд ёд карда буд, инро дида беқарор гашт. Ин буд, ки ба тадриҷ бо васвасаи шайтон фарзандони Одам (а) ба парастиш ва ибодати буту санам пардохтанд. Аммо дар байни онҳо нафарони худотарсу тақводор кам набуда мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекарданд.
Чун онҳо олами фониро падруд гуфтанд, шайтон ба миёни боқимондаҳо омад ва чунин як “мавъиза”-ро барои онҳо бо шайтанати худ гуфт: “Агар шумо гӯед, ки мо бандаҳои солеҳи вафоткардаро дӯст медорем ва онҳоро ба некӣ ёд мекунем, гӯед то суратҳои онҳоро бикашанд ва пагоҳу бегоҳ ба сӯйи онҳо назар андозед гӯё ки худи онҳоро дидаед”.
Ба шунавандагон ин панди дурӯғини шайтон писанд омад. Аввал суратҳо кашида, гузаштагонашонро ёддоварӣ менамуданд. Сониян он суратҳоро ба барои авлоди ояндаашон ҳайкалу муҷассамаҳо табдил доданд ва барои “зиёрати” онҳо ибодатгоҳҳо сохтанд. Ҳамчунин рафта рафта онҳоро дар кулбаҳои худ низ мегузоштанд. Онҳо хуб дарк мекарданд, ки аз ин суратҳо ва ҳайкалҳои хушку беҷон суду зиёне воқеъ намешавад, аммо ин “тасвири фалон солеҳ аст” гуфта, онро ҳурмат мекарданд. Солҳо ҳамин тариқ сипарӣ мешуд ва эҳтироми буту санам зиёдтар мегардид. Ҳар солеҳе, ки аз олам мерафт, аз паси ӯ ҳайкалаш сохта мешуд. Аз ин ҷо авлоди онҳо дар назди ҳайкалҳои бобоҳои худ дуъо карда, ба воя расиданд.
Рафта рафта, ба таъзиму саҷдаи онҳо пардохта аз онҳо ёрию мадад мепурсидагӣ шуданд. Ҳамин тавр бутпарастӣ ривоҷ ёфт. Парастиш ва ибодати Худои ягонаро яксӯ гузошта, ба саҷдаи бутҳои аз чӯбу гилу санг сохташуда пардохтанд. Ин гуноҳе буд басо азим ва набахшиданӣ. Ба хотири ба роҳи рост ҳидоят намудани ин қавми гумроҳшуда Худованд аз миёни онҳо ва барои худи онҳо Пайғамбар фиристод. Ба андешаи мо ҳикмати аз миёни онҳо расул интихоб кардани Аллоҳтаъоло дар ин аст, ки аз миёни он қавм бошаду аз он диёр бо онҳо ошност, ин аз манфиат холӣ нест. Агар аз миёни фариштагон мебуд одамон баҳона пеш меоварданд, ки ӯ фаришта аст ва ӯро ҳеҷ гуна нафсе нест. Аз ин хотир аз имкон берун набуд, ки ӯро гӯш накунанд. Он чи гуфтем ин фикри мо буд, сирри Худовандро Худо худаш медонад.
Ҳарчанд, ки дар миёни мардум соҳибсарватҳо зиёд буданд, Аллоҳтаъоло ҳазрати Нӯҳро, ки дорои хислатҳои ҳамидаи парҳезгорӣ, амонатдорӣ, ростгӯӣ, ҳалимӣ ва хушрафторию накӯкирдорӣ машҳур буд ба пайғамбарӣ интихоб намуд. Аллоҳтаъоло ба он зоти пок ваҳй фиристода фармон дод, ки мардумро ба сӯйи Худои ягона ва дини ростин даъват намояд. Ҳазрати Нӯҳ (а) ба мардум эълон дошт, ки ман фиристодаи Худоям ва барои даъвати шумо омадам.
Инро шунида гуфтанд: “Ин аз кай боз пайғамбар шуда бошад то дирӯз миёни мо буд-ку?” Аммо мутаккабирон аз дороии худ фахр карда гуфтанд: “Аллоҳтаъоло дигар касро наёфт, ки як қашшоқро пайғамбар карда фиристодааст, чӣ дигарон мурда буданд?” Баъзеи дигар ақида доштанд, ки Нӯҳ (а) бо ин рафтораш даъвои обурӯ ва сарвариро мекунад ва ғайра.
Нӯҳ (а) бошад даъвати худро идома медод. Онҳоро ба имон ба Худо, ибодати Ӯ таъоло ва тарк кардани бутпарастӣ мехонд. Як гурӯҳи ангуштшумор даъвати ӯро пазируфтанд. Онҳо ашхосе буданд, ки аз касби ҳалол ризқ мехурданд. Боқӣ бошад суханҳои бемаънӣ аз қабили “мо бо пойлучон намепайвандем”-ро бисёр мегуфтанд.
Тӯли 950 сол ҳазрати Нӯҳ (а) ин қавми саркашро даъвати дини Ҳаққ намуд, вале онҳо аз гумони хеш канор намонданд. Аз тарафи Аллоҳтаъоло ба ӯ илҳом омад, ки ба ҷуз онҳое, ки имон оварданд, дигар касе имон намеорад. Бо вуҷуди ин ҳазрати Нӯҳ (а) аз даъвати қавмаш рӯй нагардонид.
Гумроҳшудагон гуфтанд: “Ту бо мо бисёр кашмакаш кардӣ, агар суханат рост бошад азоби ваъдакардаатро биёр!” Нӯҳ (а) бо шунидани ин сухан умедашро аз имон овардани қавмаш канда, дар ғазаб шуд ва гуфт: “Парвардигоро, дар рӯйи Замин ягон кофирро магузор!” Худованд ин дуъоро қабул кард.
Худованди мутаъол ба ҳазрати Нӯҳ (а) иродаи худро зоҳир сохт, ки ӯ ва гурӯҳи имоновардаҳо наҷот ёфта, дигарон ҳама ғарқ хоҳанд шуд. Ба пайғамбар (а) амр шуд, ки киштие бисозад.
Чун он зот корро сар кард қавми гумроҳ бо истеҳзо аз ӯ мепурсиданд: “Эй Нӯҳ, аз кай боз дуредгар шудаӣ? Мо ба Шумо нагуфта будем, ки бо ин пойлучон магардед? Ин кема ба куҷо меравад? Ба кӯҳ ё ба саҳро?” Аммо Нӯҳ (а) сабр меварзид ва кори худро идома медод. Дар ҷавоби фосиқон мегуфт, ки имрӯз шумо моро масхара мекунед, мешавад рӯзе, ки мо ба ҳоли шумо бихандем. Ваъдаи Худованд дар амал ба вуқӯъ омад. Ба Нӯҳ (а) амр шуд, ки аҳлу аёл ва муъминҳою муъминаҳо, ҳамчунин аз ҳама ҳайвонот аз рӯйи ҷинс як ҷуфтӣ ҳамроҳи худ гирифта дохили киштӣ шавад. Зеро ваъда амалӣ мешавад ва ҳеҷ ҷонзоде дигар боқӣ нахоҳад монд. Ҳазрати Нӯҳ (а) писаре дошт, ки ҳамнишини кофарон буд. “Аз аҳли манаст” гуфта пайғамбар (а) хост ӯро ҳамроҳ гирад, аммо Аллоҳтаъоло иҷоза надода гуфт, ки ӯ аз аҳли ту нест! Касе ки имон надорад, агар фарзанди пайғамбар бошад ҳам амон намонад.
Пас, борони пайи дар пайи борид ва сатҳи об аз Замин торафт боло мешуд. Он ба тӯфон табдил ёфта, тамоми оламро фаро гирифт. Ҳама, аз ҷумла писари набии Худо низ ба ҳалокат расиданд. Киштии ҳазрати Нӯҳ (а) баъди паст шудани об болои куҳе қарор гирифт.
Ҳазрати Нӯҳ (а) ва пайравонаш сиҳату саломат бар Замин омаданд ва зиндагӣ дубора дар он оғоз гардид.
Ин буд мухтасаран қиссаи ҷонгудози ҳазрати Нӯҳ (а). Барои маълумоти бештар пайдо кардан ба китобҳои қисас ва тафсирҳои муътабар муроҷиат шавад.
Тафсири Осонбаён