Сураи Лайл – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лайл – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Лайл 92-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 21 оят иборат аст.

Худованд ба ашёе, ки муқобили ҳамдигаранд, қасам ёд карда дар ин сура амалҳои гуногуни инсонро таъкид сохтааст. Ҳамчунин дар ин сура аз пайравони роҳи рост ва роҳи шайтон, инчунин раҳнамоию ҳидоят, аҷри (подоши) амали хайр ва ҷазои амали бад сухан ба миён омадааст.

Инчунин аз оқибати кори гурӯҳе, ки хасис ва бахил буда, ҳақиқатро дурӯғ пиндошта, разолатро фазилат мешуморанд ва аз Худо натарсидаву аз бандагони Ӯ шарм намедоранд, огоҳ сохтааст.

Дар қисми дувум Парвардигор ба бандагонаш роҳи дурусту ҳамвори пайғамбаронаро хотиррасон намудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Лайл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шамс Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Лайл Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)