Сураи Луқмон – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Лукмон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Луқмон дар Макка нозил шуда, дорои 34 оят аст.

Сабаби ин сураро «Луқмон» ном ниҳодан он аст, ки Қиссаи Луқмони ҳаким дар ин сура дарҷ шудааст. Сураи мазкур, дар Макка нозил шуда, мисли дигар сураҳои дар ин макони муқаддас нозилшуда, меҳвари асосии онро муъолиҷаи ақидаи саҳеҳ ташкил медиҳад. Хусусан, дар бораи ваҳдонияти Парвардигор, дар бораи Пайғамбарӣ ва дар бораи аз сари нав зинда шуданӣ мурдагон сухан мекунад. Мушрикон, ки дар ин масъалаҳо лағжидаанд, хатокории онҳо бо тарзҳои гуногун баён шудааст. Ин сура бо се ҳарфи алифбоӣ оғоз шуда бо ин восита ба мӯъҷиза будани Қуръон ишора шуда аст. Сипас сураи мазкур дар бораи мавҷудоте, ки ба Қудрати беандозаи Парвардигор, далолат мекунанд, чун осмон, Замин, Офтоб, Моҳтоб, шаб, рӯз, кӯҳ, баҳр, дарахтон хабар дода, даъват мекунад, ки ба онҳо бо эътибор ва тафаккур назар карда шавад.

Ҳамчунин баъди баҳси ҳодисаҳои табиъат дар бораи аҷоиботи нафси инсон низ сухан кардааст. Сипас, насиҳатҳои Луқмони ҳаким, баён шудаанд. Дар аввалин насиҳати худ Луқмони ҳаким гуфтааст: “Ай писарам, ба Худо ширк наор, зеро ширк овардан зулми бузург аст”. Дар бораи имон, эътиқод, дину диёнат, муносибат бо хешу табор низ сухан ба миён омадааст. Зеро дар ҳолати иҷрои ин амалҳо мумкин аст, ки шахси боимон ба ранҷҳо рӯ ба рӯ шавад, аз ин лиҳоз онҳоро ба сабр тавсия додааст. Дар охир бори дигар фармудааст, ки ба шабу рӯз, Офтобу Маҳтоб, ки ба Қудрати беинтиҳои Аллоҳ таъоло далолат мекунанд ва ваҳдонияти Парвардигорро аз онҳо низ фаҳмида мешавад, бояд инсон бо чашми ибрат нигарад. Ҳамзамон оятҳои ин сура аз даҳшати рӯзи Қиёмат низ огоҳӣ медиҳанд. Сабаби нозил шудани ин сураро чунин ривоят кардаанд, ки Қурайшиҳо аз Расулуллоҳ (с) дар мавриди достони Луқмон ва фарзандаш савол карданд, пас ин сура нозил шуд. Расулуллоҳ (с) ба онҳо ҷавоб гуфт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Луқмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Луқмон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)