Машруъ ва ғайри машруъ (фарз, воҷиб, сунат, макруҳ, ҳаром)

0

Машруъ ва ғайри машруъ (фарз, воҷиб, сунат, макруҳ, ҳаром ва ғайра). Машруъ ва гайри машруъ (фарз, вочиб, сунат, макрух, харом ва гайра).


1-Маънои луғавии машруъ ва ғайри машруъ. Маънои луғавии калимаи машруъ ҷоиз ва раво ва маънои калимаи ғайри машруъ мамнуъ ва норавост.

2-Маънои шаръии машруъ. Мурод аз машруъ дар истилоҳи уламои шариъат умуре мебошад, ки дини мубини ислом онҳоро асос гузоштааст, мисли намозу рӯза ё иҷозат додааст, мисли шикор кардан, ки мубоҳ аст.

3-Маънои шаръии ғайри машруъ. Мурод аз ғайри машруъ он умуре мебошанд, ки дини мубини ислом онҳоро манъ кардааст, мисли зино ва дуздӣ ва бақияи умуре, ки бидъат ё хурофот мебошанд ва ё ҳукми ҳаром ва макруҳро доранд.

Машруъот

Машруъот ҷамъи машруъ аст ва мурод аз он ин панҷ умур аст:

1-Фарз, яъне амал ё амре, ки бо санади қатъӣ ва далолати қатъӣ собит шудааст.

2-Воҷиб, яъне амр ё амале, ки бо санади заннӣ ва далолати қатъӣ ва ё бо санади қатъӣ ва дилолати заннӣ собит шуда бошад.

3-Суннат, амал ё амре, ки бо санади қатъӣ ва далолати заннӣ ва ё бо санад ва далолати заннӣ аз қавл ё феъл ва ё суннати тақририи Пайғамбар (с) собит шуда бошад.

4-Нафл ва мустаҳаб, яъне амр ё амале, ки бо санад ва далолати занӣ собит шудааст.

5-Мубоҳ. Амре, ки аз дидгоҳи шариъат анҷом доданаш аҷру савоб надорад ва тарк карданаш исёну гуноҳ намебошад.


Ғайри машруъот

Мурод аз ғайри машруъот амалҳои аз дидгоҳи шариъат мамнуъ ва норавост, ки онҳо чаҳор навъ мебошанд:

1-Ҳаром. Амали аз дидгоҳи шариъат мамнуъе, ки манъ буданаш бо далели қатъиюссубут ва қатъиюддалолат собит аст.

2-Макруҳи таҳримӣ. Амали аз дидгоҳи шариъат мамнуъе, ки бо далели қатъиюссубут ва заниюддалолат ва ё заниюссубут ва қатъиюдалолат собит шудааст.

3-Макруҳ. Амали аз дидгоҳи шариъат зишту нописанде, ки манъ буданаш бо далели занниюссубут ва занниюддалолат собит шудааст.

4-Муфсид. Амале, ки метавонад манъ буданаш бо далели қатъиюссубут ва қатъиюдалолат ё заниюссубут ва заниюдалолат собит шуда бошад ва сабаби фосид шудани амале аз амалҳои машруъ бошад.

Ба таври мисол хандаи бо овози баланд, ки намозро фосид мекунад ва алоқаи ҷинсии дар рӯзи моҳи рамазон, ки рӯзаро фосид мекунад, дар ин вақту ҳолатҳои махсус аз ҷумлаи фосидкунандаҳо маҳсуб мешаванд.


Маърифати далелҳои қатъӣ ва заннӣ (далелҳои шаръии ҳанафӣ)

Чор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат (шарҳи Чоркитоб)

Сомона барои донишомӯзон

Мақолаи қаблӣМаърифати далелҳои қатъӣ ва заннӣ (далелҳои шаръии ҳанафӣ)
Мақолаи баъдӣАҳкоми вузӯ / тахорат (шарҳи Чоркитоб)