Сураи Муҷодала – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мучодала – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҷодала 58-ум сураи Қуръон буда, дар Мадинаи мунаввара нозил шуда, аз 22 оят иборат аст.

“Муҷодала” кашмакаш ва баҳси суханро гӯянд. Ин сура бисёре аз масъалаҳои шаръиро дар бар мегирад. Яке аз масъалаҳои асосиеро, ки мавриди баҳс қарор медиҳад, ин масъалаи “Зиҳор” аст. Одати арабҳо ин буд, ки бо рӯйи додани “Зиҳор” оила вайрон мешуд ва байни зану шавҳар ҷудойи меафтод. Зиҳор чӣ гуна буд? Агар марди араб ба завҷааш мегуфт, ки фалон ҷойи ту ба фалон ҷойи модарам монанд аст, байни онҳо зиҳор меафтод. Албатта, агар он аъзои модарашро ба забон меоварад, ки дидани он барояш мамнӯъ бошад. Зиҳор ва дигар одати ба ин монанд барои занҳои араб як зулму хорӣ буд ва зиндагиро барои эшон боз ҳам гаронтар мегардонид. Танҳо бо омадани Исломи азиз ба чунин бедодгариҳо хотима дода шуд, мартаба ва мақоми занон назди мардон ва ҷомеъа баланд гардид.

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) аз ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунад: “Вақте дар хона нишаста будам, зане назди Расули Худо (с) омад ва сухани пасту боло зиёд гуфт, вале чӣ гуфтанашро ман чандон намешунидам. Аммо Офаридгор ҳамаро мешунавид. Ояти “Қад самиъаллоҳ…“ он вақт нозил шуд.“ Дар он қисса чунин омадааст: Ҳавла бинти Саълаба зани соҳибҷамоле буд ва шавҳари ӯ Авс ибни Сомит ном дошт. Боре шавҳар мехоҳад бо завҷаи худ наздикӣ созад, вале завҷааш саркашӣ мекунад. Табиист, ки аксари вақт байни зану шавҳар аз ҳамин сабаб низоъ мехезад. Дар ҳамин ҳолат Авс ибни Сомит, ки марди хеле серқаҳр буд дар ғазаб гардида, дигар худро идора карда наметавонад, ҳарфе мегӯяд, ки боиси зиҳор мегардад. Яъне возеҳтар гӯем, ӯ ба завҷааш мегӯяд: “Ту барои ман ҳаром, ё ронҳои пои ту монанд ронҳои пои модарам.” Чунин ҳарфро дар замони ҷоҳилият ба забон овардан ба монанди талоқи имрӯза ҳисоб меёфт ва байни зану шавҳар абадӣ ҷудоӣ меафтод. Авс ба ҳамсари худ гуфт: “Ба гумонам ту ба ман ҳаром гаштӣ”.

Ҳавла дар ҷавоб гуфт: “Ба Худо қасам, ки ин талоқ нест!” Баъди чунин моҷаро Ҳавла ҳиҷоби зани ҳамсояро қарз гирифта барои ба ин масъала равшанӣ андохтан назди Расули Худо (с) омад, гуфт: “Ай Расули Худо (с), шавҳари маро ном Авс аст. Вақте ман ҷавону соҳибҷамол ва дорову сарватманд будам, ба никоҳи худ даровард. Имрӯз, ки дороиям тамом гашта, ҷавониям аз даст рафтаву ҳусну ҷамолам боқӣ намондааст ва солам рафтаву ақлу ҳушам коста гардидааст, дар як дам маро зиҳор кард. Вале ногуфта намонад, ки шавҳарам бо ман дар ҳоли ғазаб чунин рафтор кард, чун қаҳраш паст гардидаву ба худ омадааст, худро маломат мекунад ва аз кори шуда пушаймон аст. Оё ягон роҳу чорае ҳаст, ки мо боз бо ҳам биоем ва зану шавҳар шавем?”

Расулуллоҳ (с) гуфт: “Дар ҳақиқат, ту барои Авс ҳаром гаштаӣ!”

Ҳавла инро шунида гуфт: “Қасам ба зоте, ки барои ту Қуръонро нозил кардааст, ҳанӯз дар боби талоқ чизе нагуфта! Охир Авс падари фарзандон ва дӯстдоштаи ман аст!…”.

Боз Расули Худо (с) гуфт: “Ту барои шавҳарат ҳаром гаштаӣ!”.

Ҳавла гуфт: “Ман аз танҳоии худ танҳо назди Худованд шикоят мекунам.” Расуллулоҳ (с) бар ӯ ҳамин ибораро такрор мекард ва дар охир гуфт: “Ҳанӯз барои ту амре аз ҷониби Парвардигор барои ман наомадааст.” Ҳавла бошад аз он ҷо дур намерафт ва бо Расули Худо (с) дар муҷодала буд ва ба умеде, ки шояд роҳи ҳалли ин масъала пайдо шавад. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба ӯ мегуфт, ки ту бар шавҳарат ҳаром гаштаӣ. Ҳавла бошад мегуфт, ки ман гаронии аҳволи худро назди Худованд шикоят мекунам ва гаштаю баргашта инро исрор мекард.

Пас, рӯ сӯи осмон карда гуфт: “Эй бор Худо, ман фарзандони наврас дорам, агар бо ман бимонанд, гуруснаву ташна мемонанд ва агар бо падарашон бимонанд, зоеъ мегарданд, Ту қодиру тавоноӣ, оятеро ба пайғамбарат нозил кун, то ин мушкилии маро осон гардонад”, Ӯ сӯи Худо зориву тавалло мекард, ки Расули Худо (с) сукут намуданд.

Ин лаҳза чеҳраи мубораки он ҳазрат (с) ба лаҳзаи қабули ваҳйи Илоҳӣ монанд гардид. Пас аз гузаштани андаке вақт Расули Худо (с) сари мубораки худро бардошт ва гуфт: “Аллоҳтаъоло барои ту ва шавҳари ту ояти худро нозил гардонид”, баъд ояти “Қад самиъаллоҳу…”-ро то аъзобун алӣм” (ояҳои 1-4) аз сураи “Муҷодала” бихонд.

Аз ин қисса чунин бармеояд, ки аҳволи занон дар замони ҷоҳилият хеле вазнин будааст. Бо омадани Исломи азиз, ки дини саросар адолат аст дар андак замон миёни инсонҳо адолат ҷорӣ шуд. Албатта он инсонҳое, ки тақдирашон ба ҳидоят мувофиқ буд.

Дар ривояте омада, ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб дар айёме, ки халифа буд, бо гурӯҳе аз роҳ мегузашт, бо зане рӯ ба рӯ омад ва он зан ҳазратро дурудароз ба гап андармон кард ва гуфт: “Эй Умар, ба наздикӣ ту Умарча будӣ, баъд аз он Умар шудӣ ва акнун Амиралмуъмининӣ. Ту, эй Умар, аз Худо битарс! Касе, ки ба мурдан бовар дорад, барои бекор гузаронидани умраш аз Худо метарсад ва касе ба рӯзи ҳисобу китоб бовар дорад, аз азоби он рӯз низ метарсад”.

Чунин суханони насиҳатомез бисёр гуфт. Ҳазрати Умар (р) сукутро ихтиёр карда, гуфтаҳои он занро гӯш мекард. Вақти зиёд бадин минвол гузашт, пас ҳамроҳони ҳазрат ба ӯ гуфтанд: “Ай Амиралмуъминин ин қадар ба суҳбати ин кампир андармон шудӣ?” Амиралмуъминин (р) гуфт: “Қасам ба Худо, ки агар ин кампир маро то саҳар монеъи рафтан шавад, тоқат хоҳам кард ба ҷуз вақти намози фарз. Шумо оё медонед, ки ин кампир кист? Ин зан Ҳавла бинти Саълаба аст, ки сухани ӯро Худованд аз болои 7-осмон шунидааст! Чун Худованди оламиён сухани ин заифро шунид, пас, чаро ман ӯро нашунавам?”.

Хонандаи мухлису муҳтарам ин буд маълумоти мухтасар доир ба сабаби нозил шудани сураи “Муҷодала”, ки дар ин ҷо қисса ва ривоятеро манзури шумо гардонидем. Акнун дар шарҳу эзоҳи оятҳои ин сура иншоаллоҳ, маълумоти бештаре насиби шумо хоҳад гашт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҷодала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҷодала Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)