Тафсири Сураи Мулк – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мулк 67-ум сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 30 оят иборат аст.
Ин сураест ки ақидаро муолиҷа мекунад. Сураи “Мулк” се мақсади асосиро дар бар мегирад. Якум исботи бо азамат будани Аллоҳтаъоло ва қудраташ ба зинда гардонидан ва миронидан, дуюм барпо кардани бурҳонҳо ва далелҳо бар ваҳдонияти Раббилоламин, севум баёни оқибати кори онҳое, ки боз аз нав зинда гардониданро дурӯғ мепиндоштанд.
Дар аввали сураи мазкур омадааст, ки ҳамаи мулку ҳукмдорӣ дар тасарруфи Ӯ таъолост. Яъне Аллоҳтаъоло тасарруфи ҷамии махлуқотро чи дар Замин ва чи дар осмонҳо комилан дар тасарруфи худ дорад, ҳамаи ашё ба фармони Ӯст. Ӯ ҳама ашёро аз адам (нестӣ) пайдо карда, баъзеро соҳиби ҷон кардааст. Онҳоро мемиронад ва боз аз нав дар қиёмат зинда мегардонад.
Баъдан дар бораи офаридани ҳафт табақаи осмон ва зинат додани онҳо ба ситораҳои дурахшанда, ки ба қудрату тавоноии Аллоҳтаъоло далолат мекунанд ишора шудааст.
Давоми сура баён месозад, ки Дӯзах чун муҷримонро мебинад ба қаҳру ғазаб меояд ва ғазаби он чунон шиддат мегирад, ки ба ҷӯш меояд ва қариб аст, ки қисме аз Дӯзах баъзеи дигарашро бихӯрад. Ин ҳушдорест барои душманони Худо. Инчунин бозгашти куффор ва муъминон ба сӯйи Худо ёдрас мешавад. Ин масъалаест, ки пайи дар пайи дар Қуръони маҷид таъкид гардидааст.
Хотимаи сура аз ашхосе сухан мекунад, ки даъвати расули Худо (с)-ро дурӯғ пиндошта, орзу мекарданд, ки тезтар марги Расулуллоҳ (с) фаро бирасад, то аз ӯ раҳо ёбанд.
Сураи мазкурро “сураи нигоҳдоранда” ва “наҷотдиҳанда” ҳам мегӯянд. Зеро як фазилати сураи “Мулк” ҳамин аст, ки ҳар касе аз он панд бигирад ва ба он амал бикунад, ӯро аз азоби қабр наҷот медиҳад. Дар ин мазмун Имом Тирмизӣ (раҳ.) аз Пайғамбари Худо (с) ҳадиси мазкурро ривоят мекунад, ки (ҳиял мониъату ва ҳиял мунҷияту тунҷи мин ъазабил қабри), яъне сураи “Мулк” монеъ (наҷотдиҳанда) аз азоби қабр аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мулк «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «