Сураи Мунофиқун Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мунофиқун Ояти 11

وَلَنۡ يُّؤَخِّرَ اللّٰهُ نَفۡسًا اِذَا جَآءَ اَجَلُهَا‌ؕ وَاللّٰهُ خَبِيۡرٌۢ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ ١١

Ва ла-й юаххираллоҳу нафсан иза ҷаа аҷалуҳа. Валлоҳу Хабӣрун би ма таъмалун. 11.

11. Ва Аллоҳ ҳаргиз касеро чун аҷали ӯ биёяд, муҳлат намедиҳад ва Худованд ба он чӣ шумо мекунед, хабардор аст.

Аллоҳтаъоло ба инсони бадкирдору гунаҳкор ва пушаймоншуда ҳангоми расидани лаҳзаи марг барои ислоҳи саҳву хато ва гуноҳонаш ҳеҷ гоҳ муҳлат намедиҳад. Ҳатто як дақиқа вақти иловагӣ дода намешавад.

Ин оят барои муъминон, ҳушдорест ки то метавонанд амали солеҳ намоянд, кори хайру савобро пешаи худ созанд, аз наҳи кардаҳои Аллоҳтаъоло бипарҳезанд ва дар пайи иҷрои амрҳои Ӯтаъоло бошанд, ки оқибат бозгашт ба сӯи Ӯтаъолост ва пушаймонии дами марг барояшон суде надорад.

Бандаи Худотарс пеш аз мавт худро барои ҳисоботи назди Офаридгораш омода месозад. Вой бар ҳоли касе, ки барои фардои худ тӯшае тайёр накардааст! Вой аз он рӯзе, ки пеши Офаридгор барои ҳисобу китоб ҳозир шавад ва амали солеҳе надошта бошад!

Вой аз ҳоли шармандагӣ ва сарафкандагӣ назди Аллоҳтаъоло! Дареғи умри бар абасрафта! Фиғон аз зиндагии беҳудаи зоеъшуда! Фарёд аз фориғболиҳо, бепарвоиҳо ва беҳавсалагиҳо!

Пас, боистӣ, ки ҳар лаҳза маргро омода бошӣ ва барои сафари охират тайёрӣ бинӣ, то назди Офаридгори худ бо дасти тиҳӣ наравӣ. Ва амалеро анҷом надиҳӣ, ки фардо боиси шармандагии ту гардад. Фаромӯш набояд кард, ки Аллоҳтаъоло бар ҳама амалҳои бандаҳо, чи хайр бошад ва чи шар огоҳу олим аст. Ва барои ҳар амал подошу ҷазое пешбинӣ шудааст.

Аз Ибни Аббос (раз.) ривоят аст, ки шахсе, ки молу дороияш барои зиёрати хонаи Худо басанда асту ба ҳаҷ намеравад, ё барои адои закот кифоя асту закот намедиҳад, ҳангоми расидани маргаш аз даргоҳи илоҳӣ барои ислоҳи худ тақозои ҳаёти нав мекунад.

Шахсе аз ҳозирин гуфт: “Ё ибни Аббос, аз Худо битарс, ба ғайри куффор ягон муъмин бозгашт ба ин дунёро намехоҳад!” Ибни Аббос (раз.) дар ҷавоби ӯ ояти 10-ӯми сураи мазкурро қироат кард. Худо донотар аст.

Анҷоми сураи «Мунофиқун» ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мунофиқун Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тағобун – Тафсири Осонбаён (Қуръон)