Сураи Мунофиқун Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мунофиқун Ояти 8

يَقُوۡلُوۡنَ لَٮِٕنۡ رَّجَعۡنَاۤ اِلَى الۡمَدِيۡنَةِ لَيُخۡرِجَنَّ الۡاَعَزُّ مِنۡهَا الۡاَذَلَّ ‌ؕ وَلِلّٰهِ الۡعِزَّةُ وَلِرَسُوۡلِهٖ وَلِلۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَلٰـكِنَّ الۡمُنٰفِقِيۡنَ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٨

Яқулуна ла и-р-раҷаъна ила-л-Мадӣнати ла юхриҷанна-л-аъаззу минҳа-л-азалл. Ва лиллаҳи-л ъиззату ва ли расулиҳӣ ва лил муъминӣна ва лакинна-л-мунафиқӣна ла яъламун. 8.

8. (Мунофиқон) мегӯянд: «Агар ба сӯйи Мадина бозгардем, ҳаройина, азизтар залилтарро аз Мадина хориҷ мекунад» (Ҳол он ки) иззат аз они Худо ва Пайғамбари Ӯ ва барои муъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд.

Дар ибтидои сураи мазкур аз моҷарои (баъди ғазои бани Мусталақ) дар сари чоҳ байни ансорӣ ва қурайшӣ сарзада ҳарф зада будем, ки сарвари мунофиқини ансорӣ Абдуллоҳ ибни Салул ақида карда буд, ки чун ба Мадина баргаштем, азизшудагон хоршудагонро аз шаҳр хориҷ хоҳанд кард.

Яъне баъди он моҷаро онҳо бо худ қарор карданд, ки чун аз ғазо ба Мадина баргардем Расули Худо (с) ва саҳобагони Ӯ (c)-ро аз Мадина берун месозем. Ин бадбахтон намедонистанд, ки иззат мар Худорост ва ҳамчунин мар шахсерост, ки ӯро Худованд Расули Худ интихоб намудааст ва ҳамчунин мар муъминонрост.

Аҳли тафсир гуфтаанд, ки Абдуллоҳ Ибни Салул назди Расули Худо (с) аз суханҳои қаблан гуфтааш мункир шуд ва сипас ба сӯйи Мадина руй овард. Ӯ писаре дошт, ки дар даромадгоҳи шаҳр корд ба даст гирифта, омадани падарашро интизор буд.

Вақте мардум вориди шаҳр гаштанд ва ибни Салул намоён шуд, писараш ба ӯ гуфт: “Агар, бо забони худ иқрор насозӣ, ки мо хоршудагонем ва Расули Худо (с) ва саҳобагонаш азизшудагонанд, то бар ҳаёт ҳастӣ, вориди Мадина намегардӣ!” Падар аз тарс иқрор шуд.

Баъдан писари Абдуллоҳ назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт: “Ё Расулаллоҳ (с), ба манн хабар расид, ки шумо падари маро куштаниед, агар чунин бошад, ба ман иҷозат диҳед, то сари ӯро назди шумо биёрам”. Ҳазрат (с) гуфт: “Модоме ки бо мо боқӣ бимонад, бо ӯ рифоқат кунем ва дар муносибати нек бо ӯ ҳаракат бинамоем. Ба ӯ кордор мабош!.” Ояти зер барои шахсоне, ки бо молу авлод мағруранд ҳушдор аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мунофиқун Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мунофиқун Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)