Тафсири Сураи Мунофикун Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун Ояти 9
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لَا تُلۡهِكُمۡ اَمۡوَالُكُمۡ وَلَاۤ اَوۡلَادُكُمۡ عَنۡ ذِكۡرِ اللّٰهِۚ وَمَنۡ يَّفۡعَلۡ ذٰلِكَ فَاُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡخٰسِرُوۡنَ ٩
Йа айюҳа-л лазӣна аману ла тулҳикум амвалукум ва ла авладукум ъан зикриллаҳ. Ва ма-н яфъал залика фа улаика ҳуму-л-хосирун. 9.
9. Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо молҳоятон ва авлодатон аз зикри Худо ғофил накунад! Ва ҳар касе ки ин корро бикунад, пас, он ҷамоъа зиёнкоранд.
Дар ин оят Худованди мутаъол муъминонро наҳй намуда фармудааст, ки эй касоне, ки имон овардаед, на бояд дар доштани молу авлод бо мунофиқон монанд бошед. Яъне ба моли дунё то он дараҷае дил мабандед, ки шуморо аз ёди Худо ғофил созад. Зеро касеро, ки ҳирси дунё ва машғулияти беҳуда бо молу авлод, аз ёди Худо барканор ва аз тоъату ибодат дур мегардонад, аз ҷумлаи зиёнкорон аст.
Онҳо шахсонеанд, дунёи фониро назар ба охират афзал ҳисобидаанд дар гузоридани намоз, гирифтани рӯза, додани закоти мол ва дигар навъҳои ибодат ғафлат варзидаанд. Хулоса, он молу авлод ба шарте манфиатовар аст, ки шуғли он инсонро аз Худо ғофил насозад ва охиратро барбод надиҳад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «