Тафсири Сураи Мунофикун – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мунофиқун 63-юм сураи Қуръони буда, дар Мадина нозил шуда аз 11 оят иборат аст.
Хонандаи азизу гиромӣ пеш аз он, ки ба таври мухтасар шуморо бо мундариҷаи сураи мазкур ошно бисозем, лозим донистем нисбати номи сура чанд сухан рӯи коғаз биоварем, то маълумоти шумо возеҳтар ва мукаммалтар бошад. “Нифоқ” дар луғат маънои чизест, ки аз рӯйи сурат ҷобаҷо буда, дохилаш холист.
Бо ибораи дигар: Чизи аз ду тараф саркушодаи дарунхолиро “нифоқ” гӯянд. Хонаи рӯбоҳ низ “нифоқ” хонда шавад. Мардуми араб “тунел”-ро “нифоқ” ё нафақ гӯянд. Ва калимаи мунофиқ аз решаи “нафақ” гирифта шудааст. Барои чӣ мунофиқ мегӯянд? Мунофиқ кист? Подоши мунофиқ чист? Инҳо суолҳоеанд, ки ҷавоб мехоҳанд. Мекӯшем ба қадри имкон тибқи дастури Худованд ба ин суолҳо посух бигӯем. Дар истилоҳи динӣ мунофиқ касеро гӯянд, ки зоҳиран худро мусалмон вонамуд сохта, мисли дигар мусалмонон ибодатро ба ҷо меорад, вале дар ботинаш ба Худову Расул боварӣ ва эътиқод надорад.
Кушодатар гӯем, дар сурат ба мусалмонии ӯ шубҳа кардани кас мушкил аст, вале дар асл ӯ ин гуна инсон нест. Дар ҳадисҳои Расули Худо (с) дар мазаммати мунофиқ нукта бисёр аст. Дар яке аз ҳадисҳои шариф омадааст, ки аломати мунофиқ се аст:
Аввал он ки сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд,
Дувум, ба амонат хиёнат кунад
Севум, хилофи ваъда кунад”.
Он хатаре, ки ба мусулмонон аз мунофиқон мерасад, аз кофирон намерасад. Зеро алоқа ва муомила бо кофирон дар натиҷаи ба назар гирифтани кофирияшон, ки маълуму зоҳир аст, ба роҳ монда мешавад. Аммо бо мунофиқон кор душвортар аст, зеро аз сурату зоҳири онҳо мунофиқияшон ошкор нест.
Хоҳ нохоҳ, ки инсон зоҳирпараст аст, онҳоро мусалмон пазируфта бо онҳо муомилаи мусалмониро пеша мегирад. Аз куҷо донад, ки ботини ӯ чӣ гуна аст? Дар натиҷа, аз кофирон дида аз мунофиқон ба дину ба мусалмонон зарбаву хисороти бештар мерасад.
Агар мунофиқон ба худ наоянд, тарки дурӯягӣ накунанд ва аз ин кирдори худ тавба накунанд, онҳоро азобе интизор аст, ки аз азоби кофирон сахттару шадидтар. Ваъдаи Худованд аст, ки мақоми азоби мунофиқон пасттарин табақаи Дӯзах, шадидтарин азобгоҳ аст.
Замоне ки дар Маккаи мукаррама дини Ислом арзи вуҷуд намуд, дар ибтидо мунофиқон набуданд. Мардум ба ду гурӯҳ тақсим буданд, яъне мусалмонҳо ва кофирон. Зеро дар он ҳангом аҳли имон камшумор ва қудраташон заиф буд. Исломдории мусалмонон ба касе маъқул намешуд, рӯирост динро таҳқир мекард ва ошкоро душманӣ меварзид.
Мунофиқон асосан баъди ҳиҷрати мусалмонон ба Мадинаи мунаввара пайдо шуданд. Зеро мусалмонон дар онҷо бисёр буда, қувва ва нерӯву тавоноияшон зиёд буд. Ҳеҷ кас ҷуръат намекард онҳоро рӯирост азобу ранҷ диҳад.
Бинобар ин онҳое, ки ба мусулмонон назари каҷ ва дар дил кинаву душманӣ доштанд, ба муборизаи пинҳонӣ бо истифодаи макру найрангҳои тоза ва тағйири сурат мубориза оғоз менамуданд.
Мунофиқони он вақт аз Худо натарсида, андешаи онро накарданд, ки бозгашти онҳо, дар охир, ба сӯйи Ӯ таъолост, балки аз тарси мусалмонон зоҳиран мусалмон гаштанд, то амон ёбанд, вале охирати худро ба боди фано дода, ботини худро бе имон нигоҳ доштанд.
Бинобар ин, сураи мазкур бисёр кирдорҳои зишти мунофиқонро фош месозад. Як одати бади онҳо он буд, ки бо овозаҳои дурӯғ ва миш-мишҳои бофтаи худ дар дили мусалмонон гумону шубҳа ворид намуда, имондории онҳоро заиф гардониданӣ мешуданд.
Мекӯшиданд ва то имкон доштанд дар дили мусалмонон яъс (ноумедӣ) пайдо кунонанд. Мунофиқон лонаи тамоми ахлоқи разила ҳастанд. Онҳо ба мисли риёкорӣ, фиребгарӣ, хиёнатгарӣ, дурӯғгӯӣ, дурӯягӣ, ваъдахилофӣ, фитнаандозӣ ва монанди инҳо хислатҳои пасту зишти инсонӣ доранд. Марази мунофиқӣ дар миёни кадом халқу уммате арзи ҳастӣ кардааст, мутаассифона, дарди бедавои ҳамон халқу уммат гардидааст.
Хонандаи азиз, боварӣ дорам то андозае дар бораи мунофиқон маълумоте ҳосил кардед, пас қиссаеро акнун аз ин боб шунавед.
Вақте ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) бо қавми Мусталақ ғазо мекард, гурӯҳе ба хотири дарёфти молу чиз ба мусалмонон пайвастанд, ки онҳо мунофиқон буданд. Ғазо бо пирӯзии мусалмонон анҷом ёфт.
Ҳангоми бозгашт ду нафар яке аз қабилаи Қурайшӣ номи ӯ Ҷаҳҷаҳ ва дигаре ансорӣ номаш Синон барои об байни ҳам низоъ карда, даст ба гиребони ҳамдигар заданд.
Аз зарби мушти қурайшӣ рӯи ансорӣ хун шуд. Пас, ӯ бонг зад, ки эй хазраҷиҳо (ансориҳо), ҳастед? Агар ҳастед, ба кумаки ман шитобед. Ва Ҷаҳҷаҳ низ қурайшиҳоро ба ёрии хеш даъват намуд. Аз ҳарду гурӯҳ касони бисёре ҳозир гаштанд. Андаке монда буд, ки фитнаи бузурге ба вуқӯъ биёяд ва ин ду қавм бо ҳамдигар биҷанганд.
Гурӯҳе аз муҳоҷирони қурайшӣ пеши ин дасисаро гирифтанд. Ин хабар ба сарвари мунофиқони хазраҷӣ-Абдуллоҳ ибни Убай расид. Ӯ ба оташи фитнаи сарзада равған рехтанӣ шуда ба ҳазраҷиҳо гуфт: “Ба Худо қасам, муносибати шумо бо қурайшиҳо панди пешиниёнро ба ёд меорад, ки гуфта буданд “Агар сагатро фарбеҳ кунӣ, банди поятро мегазад”. Шумо худро худ ба ин аҳвол гирифтор кардаед. Ба онҳо хонаву дару молу макон додед ва онҳо қудрату тавонӣ пайдо карданду шумо заиф гаштед. Худкардаро даво нест!
Акнун ба Худо қасам, агар шумо ӯро (Паёмбар (с)-ро кумак намекардед, ҳама аз ӯ барканор шуда мерафтанд. Ҳамин, ки ба Мадина расидем-гуфт Абдуллоҳ ибни Убай-азизшудагон хоршудагонро аз он ҷо хориҷ мекунанд”.
Дар аснои суханронии сарвари мунофиқон Зайд ибни Арқам, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, он ҷо ҳозир буд, хабари ин моҷароро ба Расули Худо (с) расонд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) чунин суханро шунид, Ибни Убайро назди худ хонд ва аз ин ҳодиса ӯро суол кард. Ибни Убай гуфт: “Қасам ба зоте, ки Қуръонро ба шумо нозил кардааст, ман ҳеҷ гоҳ ину он нагуфтаам, ҳарчи Зайд гуфт дурӯғ гуфтааст.”.
Хулоса, мусалмононе, ки он ҷо ҳозир буданд, ақида карданд, ки сухани писар ноболиғро нашояд қабул кард. Расули Худо (с) ибни Убайро бахшид. Ансор бошанд, Зайдро барои дурӯғ гуфтанаш маломат карданд.
Дар охир Аллоҳтаъоло бо нузули Сураи Мунофиқун дурӯғгӯии Ибни Убайро фош намуда, ҳақиқат будани суханони Зайдро тасдиқ сохт. Ин аст сабаби нузули ояти аввал ин сура.
Инчунин дар ин сура аз додани нафақа ва муҳлати умри инсон сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мунофиқун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «