Аксарият чунин суолҳоро пурсон мешаванд, ки “Дар шаби кадр кадом намозро хонем? Намози шаби кадр чи хел хонда мешавад? Дуои шаби кадр кадом аст? Дуои шаби лайлатуль кадр фото”.
Дар ин мақола ҷавоб ба ин саволҳоятонро хоҳед гирифт:

Намози шаби Қадр – 27-уми Рамазон низ мисли намозҳои нафлӣ хонда мешавад.
Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда намоз гузоред, вале сураи хоссе дар ин намоз таъйин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне пас аз сураи “Фотиҳа” кадом сураеро, ки медонед, бихонед.
Илова бар ин, шумо метавонед дар ин шаб ба тиловати Қуръон, хондани зикрҳо аз қабили “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-азим”, “Астағфируллоҳ”, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-вакил” ва ғайра машғул шавед. Аз сураҳо бошад, метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бисёр бихонед.
Инчунин дуои хоссе, ки дар ин шаб ривоят шудааст, ин дуо аст: “Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш”.
Худованд ибодати шаби 27-уми ин моҳро ба мову шумо насиб гардонад.
Шӯрои уламои ҶТ (490)