Сураи Нозиъот Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нозиъот Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нозиъот Ояти 46

كَاَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوۡۤا اِلَّا عَشِيَّةً اَوۡ ضُحٰٮهَا ٤٦

Ка аннаҳум явма яравнаҳа лам ялбасу илла ъашийятан ав Зуҳаҳа. 46.

46. Чун он рӯзро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон беш як шабе то субҳ ё рӯзе то шом набудаанд.

Чун рӯзи қиёмат бо амри Офаридгор одамон аз сари нав зинда мешаванд, аз тарсу ҳарос ҳаётеро, ки дар дунё доштанд, фаромӯш мекунанд. Дар назарашон чунин намояд, ки дар дунё аз саҳар то пешин ё аз пешин то бегоҳ умр ба сар бурдаанд. Бубинед, дунё ва маишати он дар он рӯз ба ҳеҷ чиз намеарзад. Танҳо тоату амалҳои солеҳ мавриди эътибор аст.

Худовандо, аз ту масъалат дорем, меҳру муҳаббати дунёи фониро аз дилҳои мо зудуда бисоз, тарси қиёмат ва амалҳои солеҳи моро зиёда бигардон. Омин!

Адибе гуфтааст.

Хокро хору тар дид Иблис,
Кард инкораш он ҳасуди хасис.

Монд ғофил зи нури ботини ӯ,
Нашуд огоҳ зи сирри коини ӯ.

Ба ҳар чанге, ки ҳаст дар дили хок,
Ин садо доданд дар афлок,

Ки ба ҷуз нест мазҳари кулл,
Хок шав, хок, то бирӯяд гул.

Анҷоми сураи “Нозиъот”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нозиъот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нозиъот Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ъабаса – Тафсири Осонбаён (Қуръон)