Сураи Нозиъот – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нозиъот – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нозиъот 79-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 46 оят иборат аст.

Ин сура бо қасам ибтидо шудааст. Баъд аз он аз хусусияти рӯзи қиёмат, аҳволи кофирон дар он рӯз, қиссаи Фиръавни лаъин ва ҳазрати Мӯсо (а), оид ба тақво ва лозим будани шукри неъматҳои Худованд ва инчунин дар бораи саволи ҷиддии қиёмат кай мешавад? ва ғайра сухан меравад.

Дар “Қуръон” якчанд сурае ҳаст, ки бо қасам оғоз мешаванд. Сураи “Нозиъот” аз ҷумлаи онҳост. Одатан арабҳо ба чанд услуб қасам мехӯранд. Баъзан бо калимаҳои махсус, ки маънои қасамро ифода мекунанд, савганд мехӯранд. Гоҳо бо ҳуруфи алоҳидаи махсус мисли “вов”, “бо”, “то” қасам хӯрда мешавад. Масалан, “Ваннозиъот” маънои “қасам ба нозиъот”-ро дорад. Ин ҷо ҳарфи “вов” маънои қасамро ифода кардааст. Қасам хурдан асосан барои таъкид ва бовар кунонидани шунаванда гуфта мешавад. Аллоҳтаъоло ҳам диққати шунавандаро бо овардани савганд ба каломи Худ ҷалб мекунад ва бо ин эътибору аҳамияти каломи Худро назди бандааш меафзояд. Қасам пеш аз изҳори матлаб баён карда мешавад.

Худованд ба кадом махлуқи Худ, ки қасам бихӯрад, эътибори ҳамон махлуқ зиёд мегардад. Худованд бо он чӣ Худаш мехоҳад, бо он савганд ёд мекунад. Ин хоси Ӯст, аммо бандагон, ба ғайр аз Худо, ҳақ надоранд, ба чизи дигаре қасам ёд кунанд. Дар ҳадис қайд шудааст: “Касе савганд хӯрад, ба Худо савганд бихӯрад, вагарна орому хомӯш бошад.” Агар касе фалон корро мекунам ё намекунам гуфта қасам хӯрад, бояд ба он амал намояд. Агар накард, гунаҳкор мешавад ва бояд каффорат бидиҳад. Беҳтар он аст, ки аз қасам хӯрдан парҳез намояд ва ба ҷойи қасам “Иншоаллоҳ” гӯяд, ба истиснои баъзе мавридҳо, ки қасам хӯрдан лозим аст. Ин буд назере мухтасар ба мундариҷаи сураи Нозиъот.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нозиъот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Набаъ Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нозиъот Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)