Тафсири Сураи Одиёт / Ъодиёт – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Одиёт 100-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, он аз 11-оят иборат аст.
Ин сура бо қасам хӯрдани Аллоҳ ба аспони ғозиён ва баёни сифати онҳо ҳангоми тохтан дар ҷанги зидди кофирон ибтидо ёфтааст. Дар давоми сура ношукрӣ ва носипосии инсон ба неъматҳои Парвардигор ва ҳарисии ӯ ба молу сарват баён мегардад.
Хатми сура дар бораи бозгашти халоиқ ба пешгоҳи Парвардигори хеш аз барои ҳисобу китоб, ҷазою мукофот маълумот медиҳад.
Баъзе муфассирон сабаби нузули ин сураро чунин ривоят мекунанд: “Расулаллоҳ (с) Мунзар ибни Амморро бо чанде аз саҳобагони ансорӣ муқобили гурӯҳе аз кофирони хиёнаткор ба ғазо фиристоду ба онҳо фармуд, ки агар фалон рӯз вақти субҳ ба онҳо ҳамла кунед онҳоро, иншоаллоҳ, мағлуб мекунед!
Онҳо чуноне ки Расулуллоҳ (с) гуфта буд, амал карданд, душманонро шикаст дода, ғолиб шуданд. Ҳангоми бозгаштан барои аз дарё гузаштан вақти зиёд сарф шуд ва вақти бозгашт тақрибан як моҳ таъхир шуд.
Мунофиқон ин ҳолатро ғанимат шуморида, дар байни худашон сухан бофта, дасиса карда гуфтанд: “Ҳамаи онҳое, ки набард рафта буданд, ҳалок шуданд, ҳатто як нафаре аз онҳо зинда намонд, ки хабари боқимондашонро биёрад”. Муъминон ин хабарро шунида, маҳзун гаштанд. Ҳаққтаъоло барои тасаллии дили онҳо ин сураро нозил кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Одиёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «