Раҳмати Ҳақ нисори ёронаш,
Бод бар ҷумла дӯстдоронаш.
БАЁНИ МАЪНО
Раҳмат ва мағфирати Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло бар ҳамаи саҳобагони Муҳаммад (с) ва бар тамоми дӯстдорони Пайғамбар (с) ва бар дӯстдорони саҳобагонаш бод.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пурсанд, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло дар муносибат бо саҳобагони Пайғамбар (с) ба мо чӣ дастур ва таълим додааст?
Ҷавоб мегӯем, ки дар оятҳои 8-9 сураи “Ҳашр” мисли бисёр дигар оятҳои Қуръони карим Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло фазилатҳои асҳоби киромро барои мо ёдоварӣ кардааст ва дар ояти даҳуми сураи мазкур барои мо хабари ба маънои амр додаву чунин гуфтааст:
{وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ } (الحشر: 10)
“Ва касоне, ки баъди саҳобагони муҳоҷир ва ансор ба дунё омадаанд, мегӯянд: Парвардигоро! Мо ва бародарони моро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтаанд биёмурз ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае дар ҳақи касоне, ки имон овардаанд, қарор мадеҳ! Парвардигоро! Ҳамоно Ту мушфиқу меҳрубонӣ”.
2- Агар пурсанд, ки дӯст доштани асҳоби киром ё бад диданашон нишонаи чист?
Ҷавоб мегӯем, ки дӯст доштанашон нишонаи дину имон ва бад диданашон аломати куфру нифоқ аст. Ба таври мисол дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин фармудааст:
“عن أَنَسً قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:” آيَةُ الإِيمَانِ حُبُّ الأَنْصَارِ،وَآيَةُ النِّفَاقِ بُغْضُ الأَنْصَارِ» (وفي صحيح البخاري -1/ 12/ 17)
“Аломати имондорӣ дӯстдоштани ансор аст ва нишонаи мунофиқӣ бад дидани ансор мебошад”.
Саҳобагони ансор, яъне аз аҳли Мадина дар фазилат баъди саҳобагони муҳоҷир, яъне аз Макка ҳиҷрат карда қарор доранд ва ҳангоме бад дидани ансор аломати нифоқ бошад, бад дидани саҳобагони муҳоҷир низ ба тариқи авло аз аломатҳои мунофиқӣ мебошад. Чаро чунин набошад, мунофиқони Мадина саҳобагони муҳоҷирро аз саҳобагони ансор бештар бад медиданд ва дар андешаи аз Мадина рондани онҳо буданд.
Имом Таҳовӣ ақидаи Имом Абуҳанифа ва ёронашро дар мавриди саҳобагони Пайғамбар (с) баён кардааст, ки тарҷимаи тафсирии он чунин аст:
“وَنُحِبُّ أَصْحَابَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم وَلَا نُفَرِّطُ فِي حُبِّ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَلَا نَتَبَرَّأُ مِنْ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنُبْغِضُ مَنْ يُبْغِضُهُمْ. وَبِغَيْرِ الْخَيْرِ يَذْكُرُهُمْ وَلَا نَذْكُرُهُمْ إِلَّا بِخَيْرٍ وَحُبُّهُمْ دِينٌ وَإِيمَانٌ وَإِحْسَانٌ وَبُغْضُهُمْ كُفْرٌ وَنِفَاقٌ وطغيان”. (كذا متن الطحاوية -ص: 81)
1- “Саҳобагони Пайғамбар (с)-ро дӯст медорем, вале дар муҳаббати ҳеҷ кадомашон ифрот ва аз ҳадгузарӣ намекунем”. Ба ин тариқа, ки яке аз саҳобагонро аз мақоми худаш боло намебардорем ва мисли шиъаён дар мақому мартабаи ҳазрати Алӣ ва ё саҳобии дигаре ифрот намекунем ва монанди онҳо ҳазрати Алиро мисли Аллоҳ таоло донандаи илми ғайб ё бақои пайғамбариро бо номи имомат дар ӯ ва наслаш намегӯем.
2-“Аз ҳеҷ саҳобие безорӣ намекунем”. Ба ин тариқа, ки мисли хавориҷиҳо ҳазрати Усмон ва Ҳазрати Алиро ҳукм ба куфр карданд ва аз онҳо безорӣ кардаанд, мо чунин ҳаргиз намекунем.
3- Мо касонеро, ки саҳобагонро бад мебинанд ва бадгӯӣ мекунанд (мисли шиъаён ва хавориҷиҳоро) бад мебинем ва танҳо зикри хайри саҳобагонро ба забон меорем. Мо ақида дорем, ки дӯст доштани ҳамаи саҳобагон дину имон ва амали хайру савоб аст ва бад диданашон куфру нифоқ ва туғён кардану аз ҳудуди шариъат хориҷ шудан аст”.


