Рӯзаҳои нафлӣ – шарҳи Чоркитоб – Рузахои нафли
1- Шаш рӯзи моҳи шавволро рӯза доштан. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ، كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ» (كذا في صحيح مسلم -2/ 822/ 204 – 1164- عَنْ أَبِي أَيُّوبَ… وفي شرح النووي على مسلم (8/ 56) قَالَ الْعُلَمَاءُ وَإِنَّمَا كَانَ ذَلِكَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ لِأَنَّ الْحَسَنَةَ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا فَرَمَضَانُ بِعَشَرَةِ أَشْهُرٍ وَالسِّتَّةُ بِشَهْرَيْنِ).
“Касе моҳи рамазонро рӯза бидорад ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи шавволро ба дунболи он рӯза бигирад мисли рӯзаи даҳр аст”.
Мурод аз рӯзаи даҳр як солро рӯза гирифтан аст, зеро дар ривояти “Саҳеҳи Ибни Хузайма” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«صِيَامُ رَمَضَانَ بِعَشَرَةِ أَشْهُرٍ، وَصِيَامُ السِّتَّةِ أَيَّامٍ بِشَهْرَيْنِ، فَذَلِكَ صِيَامُ السَّنَةِ» (كذا في صحيح ابن خزيمة -3/ 298/ 2115 عَنْ ثَوْبَانَ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:.. كذا في صحيح ابن خزيمة -3/ 298/ 2115 عَنْ ثَوْبَانَ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:.. وفي التعليق- 2115 – قال الأعظمي: إسناده صحيح).
“Рӯзаи моҳи рамазон баробари даҳ моҳро рӯза доштан савоб дорад ва рӯзаи шаш рӯзи шавол баробари ду моҳ (шаст рӯз) ва дар маҷмуъ (дувоздаҳ моҳ шуда) ин як солро пурра рӯза доштан аст”.
Пас агар касе ҳар сол ба дунболи моҳи рамазон шаш рӯзи моҳи шавволро рӯза бидорад ва побанд ба чунин рӯза доштан бимирад, тамоми умрашро рӯза гирифтааст.
2-Рӯзаи рӯзҳои шабҳояшон равшан. Мурод аз рӯзаи рӯзҳо, ки шабҳояшон сафед ё равшан аст рӯза гирифтани рӯзҳои сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳҳои қамарӣ мебошад, ки дар ин рӯзҳо доираи моҳтоб комил, яъне бадр мешавад ва бо тоҷикӣ чунин шабҳоро маҳтобшаба меноманд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади ҳасан саҳобии бузургвор ҳазрати Абузари Ғиффорӣ разияллоҳу анҳу чунин гуфтааст:
“أَمَرَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ نَصُومَ مِنَ الشَّهْرِ ثَلَاثَةَ أَيَّامٍ الْبِيضَ:ثَلَاثَ عَشْرَةَ،وَأَرْبَعَ عَشْرَةَ،وَخَمْسَ عَشْرَةَ “(كذا في سنن النسائي -4/ 222/ 2422 – عَنْ أَبِي ذَرٍّ.. وحكم المحقق: حسن)
“Пайғамбар (с) ба мо дастур доданд, то аз ҳар моҳе се рӯзро аз рӯзҳои шабҳояшон моҳтобӣ, яъне рӯзҳои сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳуми ҳар моҳро рӯза бидорем”.
3- Рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеи чаҳор ҳафтаи ҳар моҳ. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади ҳасан ё саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«تُعْرَضُ الأَعْمَالُ يَوْمَ الِاثْنَيْنِ وَالخَمِيسِ،فَأُحِبُّ أَنْ يُعْرَضَ عَمَلِي وَأَنَا صَائِمٌ». (كذا في سنن الترمذي -3/ 113- 747 -عن أَبِي هُرَيْرَةَ ….حَسَنٌ وحكم المحقق: صحيح)
“Амалҳо дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе ба ҳузури Аллоҳ таоло бурда мешаванд . Пас ман дӯст доштам, ки замоне амали ман пешкаш карда мешавад рӯзадор бошам”.
4-Рӯзаи ҳазрати Довуд (а). Мурод аз рӯзаи ҳазрати Довуд (а) як рӯз дар байн рӯза гирифтан аст.
“أَحَبُّ الصِّيَامِ إِلَى اللَّهِ صِيَامُ دَاوُدَ، كَانَ يَصُومُ يَوْمًا وَيُفْطِرُ يَوْمًا..» (كذا في صحيح البخاري -4/ 161/ 3420 – عن عَبْدَ اللَّهِ بْنَ عَمْرٍو)،
“Маҳбубтарин рӯза дар назди Аллоҳ таоло рӯзаи Довуд аст. Ӯ як рӯзро рӯза мегирифт ва рӯзи дигарашро ифтор мекард”.
Мохи шарифи Рамазон (ният, таквим)


