Тафсири Сураи Сачда – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда дар Макка нозил шуда дораи 30 оят аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Ин сураи каримаро барои он сураи «Саҷда» мегӯянд, ки Аллоҳ таъоло дар яке аз оятҳои он саҷда кардани муъминонро сифат кардааст.
Мақсад ва меҳвари асосии сураи мазкур мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда, ақидавист. Хусусан дар мавзӯи якка ва ягонагии Аллоҳ, сифатҳои Худованд, рӯзи охират, китоби илоҳӣ (Қуръон), пайғамбарҳо, аз сари нав зинда шудан, ҳисобукитоб бо услуби хос, сухан кардааст. Сипас таъкид кардааст, ки пайғамбарамон Муҳаммад (с) пайғамбари барҳаққ аст. Ақидаи кофирону мушриконе, ки дар пайғамбари барҳақ будани Ӯ (с) шубҳа доранд, мутлақо нордуруст аст. Сипас, бо далелу хуҷҷат исбот месозад, ки Аллоҳтаъоло Илоҳи барҳаққ аст ва Ӯ бар ҳама кор Қодир аст.
Баъдан, баъзе манзараҳои рӯзи Қиёмат баён мешаванд, ки дар дили инсон таъсир мегузоранд.
Дар он рӯз кофирон ва осиён чи хел ба азоб рӯбару мешаванд ва шахсони муъмину мусалмон ва шахсони муттақӣ (парҳезгар) чи хел ба мукофотҳои Парвардигор сарфароз мешаванд, баён шудааст.
Билохира, сухан дар бораи ҳазрати Мӯсо (а) меравад. Ба ҳам монанд будани пайғамбарии Мӯсо (а) бо Муҳаммад (с) баён мегардад. Инчунин дар бораи сабри Мӯсо (а) ва аз саргузашти кофирони замони гузашта, ки дар ғафлат монданду бар сарашон чи балоҳо омад, ёдрас мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «