Саволу чавоб дар бораи Намоз – Қибла

0

намоз ислом, точики

Саволу чавоб дар бораи Намоз – Қибла


С1. Шахсе, ки дониста истиқболи қибларо дар адои намоз тарк кунад, оё намозаш саҳеҳ аст?

Ҷ1. Намози ӯ ботил аст, онро аз сари нав бихонад ва ба кори кардаи худ бояд тавба кунад.


С2. Дар аввали амр пеш аз Каъба мусалмонон ба кадом қибла рӯй оварда намоз мегузоштанд?

Ҷ2. Дар аввали амр пеш аз Каъба мусалмонон ба сӯйи Байтул- Муқаддас рӯй оварда намоз мегузоштанд.


С3. Мусалмонон чанд вақт ба сӯйи Байтул- Муқаддас рӯй оварда намоз гузоштанд?

Ҷ3. Дар ривояте омадааст, ки шонздаҳ ва ё ҳабдаҳ моҳ дар Мадинаи Мунаввара ба сӯйи Байтул- Муқаддас рӯй оварда намоз гузоштанд, пас аз тарафи Парвардигор амр шуд, ки ба сӯйи Каъба боз гарданд, ки қиблаи онҳо Каъба аст.


С4. Шахси намозгузор қибларо аз куҷо бидонад?

Ҷ4. Шахси намозгузор қибларо аз онҳое, ки медонанд, бипурсад ва ё ба меҳроби масҷид назар кунад ва ё бо василаи ситораҳо онро бидонад.


С5. Намозгузорони назди Каъба ва ё дур аз он чигуна онро истиқбол гиранд?

Ҷ5. Намозгузорони назди Каъба худи Каъбаро истиқбол гиранд  ва агар дур аз он бошанд, ҷиҳати онро истиқбол гиранд.


С6. Чанд миқдор ҷиҳати қибларо хато кардан авф аст?

Ҷ6. Як мил (тақрибан 1609 метр) ҷиҳати қибларо хато кардан авф аст.


С7. Далел ба миқдори ҷиҳати қибла чист?

Ҷ7. Далел ба миқдори ҷиҳати қибла, қавли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки дар ҳамон вақт Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Мадина буданд, фармуданд: “Байни машриқ ва мағриб қибла аст”. Тирмизӣ.


С8. “Байни машриқ ва мағриб қибла аст”, оё ин далел барои шахсе, ки дар Масҷидул-Ҳаром аст, машрӯъ аст?

Ҷ8. Не, қавли Ибни Умар разияллоҳу анҳумо аст, ки фармуд: “Байни машриқ ва мағриб қибла аст, магар дар назди хонаи Каъба”.


С9. Дар кадом ҳолатҳо истиқболи қибла аз гардани мо соқит мегардад?

Ҷ9.

  1. Дар ҳолати оҷизӣ, ба мисли шахси мариз.
  2. Дар ҳолати ҷанг, ки тарс аз душман дошта бошад.
  3. Дар ҳолати надонистан ва ё шубҳа кардан бар ҷиҳати қибла.
  4. Дар вақти сафар болои маркаби худ, ки намози нафлӣ хонад.

С10. Шахсе, ки дар ҳавопаймо аст, чигуна қибларо истиқбол бигирад?

Ҷ10. Аввал намозро бо истиқболи қибла оғоз кунад, пас  ӯ метавонад рӯйи худро ба тарафе, ки ҳавопаймо меравад ба ҳамон тараф бигардонад.


С11. Оё яке аз шартҳои истиқболи қибла таҳқиқи он то охири адои намоз аст?

Ҷ11. Бале, яке аз шартҳои истиқболи қибла таҳқиқи он то охири адои намоз аст, магар намози нафлӣ.


С12. Истиқболи қибла дар сафаре, ки ба маркаб савор шуда дар он намози нафлӣ хонад, кадом шартҳо зарур аст?

Ҷ12. Аввал намозро бо истиқболи қибла оғоз кунад, пас метавонад рӯйи худро ба тарафе, ки маркаби ӯ меравад ба ҳамон тараф бигардонад. Далел феъли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ривояти Абудовуд.


С13. Ҳукми шахси маризе, ки дар вақти намоз наметавонад ба сӯйи қибла бигардад ва ҳам касе нест, ки ӯро бигардонад, чист?

Ҷ13. Истиқболи қибла аз гардани он шахси мариз соқит аст ва намозро ба қадре, ки метавонад адо намояд.


С14. Дар кадом вақт намоз бе рӯй овардан ба қибла дуруст мешавад?

Ҷ14. Агар баъди иҷтиҳод ва пурсиш аз қибла, бо сабаби абрнок будани ҳаво ва ё сабабҳои дигар боз қибларо хато карда бошад, намозаш саҳеҳ аст ва онро аз сари нав намехонад.


С15. Ҳукми шахсе, ки бе ягон пурсидан ё иҷтиҳод кардан намозро аз рӯйи хато кардан ба ғайри қибла адо намояд, чист?

Ҷ15. Бояд баъди пурсиш ва таҳқиқи қибла намозашро аз сари нав бихонад.


С16. Шахсе бо иҷтиҳоди худ қибларо ёфта намозро адо кард, лекин баъди намоз фаҳмид, ки қибла хато шудааст, оё намозашро аз сари нав бихонад?

Ҷ16. Намозаш саҳеҳ аст ва онро аз сари нав хонда намешавад.


С17. Шахсе аз рӯйи хатоги ба ғайри сӯйи қибла намоз мегузошт, пас касе омада гуфт, ки қибла дигар тараф аст, пас ин намозгузор дар дохили намоз чикор кунад?

Ҷ17. Намозгузор бояд зуд дар дохили намоз ба сӯйи қибла бозгардад ва намозаш саҳеҳ аст.


С18. Ҳукми мардуме, ки аз рӯйи хабари дигарон қибларо хато карда намозро адо карданд, чист?

Ҷ18. Бо гузашти вақти намоз онро аз сари нав намехонанд, лекин агар вақт васеъ бошад, онро аз нав бояд бихонанд.


Тарзи хондани намози БОМДОД
Тарзи хондани Намози ПЕШИН
Тарзи хондани Намози АСР
Тарзи хондани намози ШОМ
Тарзи хондани намози ХУФТАН

Мақолаи қаблӣЗан яъне кӣ? Ҳамсар яъне кӣ?
Мақолаи баъдӣЗардчуба чист? Хусусиятҳои шифобахшии зардчуба