Шеър дар бораи МОДАР

0

Шеър дар бораи МОДАР, Шеърхо дар васфи модар, модар шеър дар ин саҳифа оварда мешавад. Шеърхо дар васфи Модар >>

Модар картинка,

Шеър дар васфи Модар

Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш Ҷаннате пеши дар аст.

Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.

Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.

Хушзабону нотиқи мо кист,кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Кокули испеди ӯ мушки тар аст,
Рӯи ожангаш чу моҳи анбар аст.

Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.

Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.

Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ёқуту марчону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганчи ҷаҳон қимматтар аст.

Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Алиҷон Қурбонов


Шеър дар васфи Модар, шеърхо бештар дар саҳифа >> Шеърҳо дар васфи МОДАР |||| Шеърхо дар бораи Падар

Мақолаи қаблӣШеър ва Табрикнома барои 8 март – иди Модарон
Мақолаи баъдӣМодарнома (Иншо дар бораи модар)