Тафсири Сураи Шуъаро – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Шуъаро» дар Макка нозил шуда, дорои 227 оят аст.
Номи сура аз оятҳои охир 224-226-ум, ки дар бораи шоироне, ки бе ҳадаф сухан (шеър) мегӯянд, гирифта шудааст.
Сураи мазкур миёни шуъарои (шоирони) гумроҳу бе динро бо шуъарои муъмин муқоиса намудааст, зеро мушрикон бо пиндори хеш идаъо намуданд, ки Расулаллоҳ (с) шоир аст ва он чӣ (Қуръон) бо худ овардааст, ҳама шеъранд.
Сураи мазкур аз рӯйи адади оят, баъди сураи «Бақара», дувумин сураи дарози Қуръон ба ҳисоб меравад. Адади оятҳои сураи «Бақара» ба 286 адад мерасад, адади оятҳои сураи «Шуъаро» бошад ба 227. Локин нисбат ба дигар сураҳо, теъдоди калимаҳои сураи «Шуъаро» камтар аст. Сураи мазкур, чун сураҳои дар Макка нозилшуда атрофи масъалаи асли эътиқод, тавҳид (яктопарастӣ), маъод (бори дигар зинда шудан), аҳамияти Қуръон ва даъвати Пайғамбарон давр мезанад. Дар бораи мушрикон, ки Қуръон (ин муъҷизаи бузург)-ро инкор карданду аз рӯйи кибру инод аз Расулаллоҳ (с) муъҷизаҳои моддӣ талаб карданд, дар ин сура чанд сухан омадааст. Бо услуби сураи мазкур қиссаи Мӯсо (а) бо Фиръавн, қиссаи Иброҳим (а), қиссаи Нӯҳ (а), Ҳуд (а), Солеҳ (а), Лут (а), Шуъайб (а) ва муъомилаи онҳо бо дурӯғпиндорандагони қавмашон, чӣ гуна буд, баён шудааст. Дар охир, то ин ки хатми сура бо ибтидои он робитаи мустаҳкам дошта бошад, барои ради мушрикон, ки онҳо дар шаъни Қуръони карим суханҳои мантиқан нодуруст мегуфтанд, ояте чанд омадааст. Ин буд назари ӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Шуъаро».
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «