Тафсири Сураи Тагобун – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун 64-ум сураи Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда аз 18 оят иборат аст.
Сураи мазкур чун дигар сураҳое, ки қаблан ба онҳо ошноӣ пайдо кардед, бо он оғоз мегардад, ки ҳама мавҷудоти олам аз Холиқи худ ба покӣ ёд мекунанд. Сипас, ситоиши Офаридгор бо чанд сифатҳояш зикр мегардад. Баъдан сухан аз аҳли имону аҳли куфр, инсонҳои қарнҳои гузашта ва зинда гардонидан баъди миронидан меравад.
Аллоҳтаъоло мардумро танҳо ба ибодати худ ва тоъати расули Худ Муҳаммади Мустафо (с) амр кардааст. Ва аз саркашӣ аз амрҳои худ ва аз фармудаи Ҳабибаш (с) манъ сохтааст. Дар оятҳои баъди Аллоҳтаъоло бо додани нафақа амр карда, фазилати хайру саховатро баён кардааст.
Хулоса, “Тағобун” сураест, ки мисли сураҳои дар Макка нозилшуда ақидаи мусалмононро муолиҷа карда, солиму дуруст мегардонад.
Акнун чанд сухан доир ба сабаби нузули сураи мазкур: Муфассирон чунин ривоят кардаанд, ки гурӯҳе аз мардони Маккаи мукаррама Ислом оварда ирода карданд, ки ба ҳузури Расули Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд. Аммо занҳою кӯдакони онҳо онҳоро аз ин кори хайр манъ намуда гуфтанд: “Мо ба исломдории шумо сабр кардем, локин тоқату бардошти фироқу дурии шуморо надорем”. Пас, онҳо аз райъи худ баргашта, аз савобу аҷри ҳиҷрат бебаҳра монданд. Ин буд якчанд сухани кӯтоҳ ва нопурра нисбати хулосаи сураи “Тағобун”. Иншоаллоҳ, зимни баррасии оятҳо ин сура фаҳмиши маъно васеътар мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «