Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) дар мавзӯи талаби илм чунин гуфтааст:
“َعنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ قَالَ: قَالَ النبي صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «طَلَبُ الْعِلْمِ فَرِيضَةٌ عَلَى كُلِّ مُسْلِمٍ”.(كذا في سنن ابن ماجه -1/ 81 224 – – و حكم المحقق: صحيح)
“Талаби илм бар ҳар мусулмоне фарз аст”.
Мурод аз илми мазкур тамоми улуми динӣ ва дунявии манфиатнок ва муҳим мебошад, ки таълим гирифтани он сабаби афзоиши қудрату иззат ва сарафрозию саъодатмандии бандагони Аллоҳ дар дунё ва охират аст.
Мо дар ин китоб (дар барчаспи Шарҳи Чоркитоб) баъзе мавзӯҳои илмҳои муҳими диниро мавриди баррасӣ ва баён қарор медиҳем.


