Тафсири Сураи Талок – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Талоқ 65-ум сураи Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда аз 12 оят иборат аст.
Оид ба сабаби нузули сураи мазкура ривоятҳои гуногун аст. Имом Бухорӣ чунин ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (раз) занашро дар ҳолати ҳайз талоқ дод. Ин ҳодисаро ҳазрати Умар (раз) пеши ҳазрати Муҳаммад (с) зикр кард. Он ҳазрат (с) дар ғазаб шуда гуфт: “Абдуллоҳ ояд ва аз қавлаш руҷӯъ кунад ва занашро то тоҳир (пок) шуданаш назди худ нигоҳ дорад. Бори дигар чун ҳайз бинад ва пок шавад агар талоқ лозим бошад, ҷимоъ накарда талоқи ӯро диҳад. Ин иддаест, ки риояи онро Худованди мутаъол амр кардааст!”.
Ривояти дигар аз Анас Ибни Молик (раз), чунин аст ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) ҳамсараш Ҳафсаро талоқ дод ва ӯ ба хонаи падараш рафт, он гоҳ Худованди мутаъол ин сураро нозил кард. Яъне ба Расули Худо (с) ваҳйи илоҳӣ ба ин мазмун расида, ки Ҳафса аз ҷумлаи занҳои ту буда ва дар ҷаннат низ ҳамсари шумост.
Чунин ривоят ҳам расида, ки Расулуллоҳ (с) руҷӯъ карданд, зеро Ҳафса як зани шабзиндадору бисёр вақт рӯзадор буд.
Ривоят аст, ки чун ояти “Вал муталлақоту ятараббасна бианфусиҳинна салосата қуруъ” (занҳои талоқшудаи ҳайзбинандаро идда 3-ҳайзи комил аст) нозил шуд, гурӯҳе аз саҳобагон аз Расули Худо (с) пурсиданд: “Ё Расулаллоҳ (с), иддаи заноне, ки ҳайз намебинанд, чанд аст?” Пас, ояте нозил шуд, ки иддаи заноне, ки аз ҷиҳати калонсолӣ ё хурдсолӣ ҳайз намебинанд, се моҳ аст. Валлоҳу аълам.
Тавре хонандагони гиромӣ огоҳӣ пайдо кардед, мавзӯъи сураи мазкур як масъалаи ниҳоят муҳим ва нозуки оиладорӣ “талоқ”-ро дар бар гирифтааст. Инчунин дар мавриди риъояи “идда”-и занон, ки ҷоиз афтодан ё наафтодани талоқ ба он вобастагӣ дорад, баҳс меравад. Аллоҳтаъоло аз ҳадду ҳудуди он маълумот дода, риояи онро барои мусалмонон амр намудааст.
Ибтидои сура аз ҳукмҳои “талоқи суннатӣ” ва “талоқи бидъатӣ” баҳс мекунад.
Ҳамчунин ончӣ, ки ба “талоқ” вобастагӣ дорад аз ҷумла “идда”, “нафақа”, “сукно” ва аҷри ширдиҳӣ ба кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агар чи “талоқ” назди Худованд, ҷалла ҷалалоҳу, як амали зишт ва ниҳоят бад аст, аммо имкони бо ҳам будани зану шавҳар вуҷуд надошта бошад, ба хотири гунаҳкор нашудан, онҳо метавонанд бо талоқ аз ҳамдигар ҷудо шаванд.
Иншоаллоҳ, аз тарҷума ва эзоҳи ин сура доир ба масъалаҳои хонадорӣ, талоқ, ъидда ва ғайра маълумоти бештаре пайдо хоҳед кард.
Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «