Тафсири Сураи Вокиъах – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ дар Макка нозил шуда, 56-умин сураи Қуръон буда, аз 96 оят иборат аст.
Дар оғози ин сураи муборака аз омадани рӯзи қиёмат, ҳодисаҳои дар он рӯз рӯйдиҳанда ва аҳволи мардум дар он рӯз хабар дода шуда, мардум ба се тоифа: асҳоби ямин (соҳибони дасти рост), асҳоби шимол (соҳибони дасти чап) ва собиқун (пешқадамон, пешиниён) ҷудо мешаванд.
Баъд аз подоши амали ин се тоифа дар рӯзи қиёмат сухан меравад.
Дар давоми сура далелҳои зиёде доир ба вуҷуди Аллоҳ таъоло, ваҳдонияти Ӯ, камоли қудрат ва аҷоиботи санъати Ӯ сухан меравад. Аз ҷумла офариниши инсон, рӯидани растаниҳо, фуруд омадани борон ва хосиятҳои оташ нақл мегардад.
Тирмизӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят кардааст: Вақто ки Абӯбакри сиддиқ (р) гуфт: «Эй расули Аллоҳ, ман мебинам, ки мӯят сафед шуд». Он ҳазрат (с) дар ҷавоб гуфт: «Сураҳои «Ҳуд», «Воқиъаҳ», «Мурсалот», «Амма» ва «Таквир» мӯи сарамро сафед карданд» (яъне ин сураҳо аксаран аз аҳволи рӯзи қиёмат ҳарф мезананд).
Таъкид мешавад, ки Қуръон азиму бузург аст ва аз тарафи Рабби оламиён нозил гардидааст. Дар баробари ин аҳволи инсон дар ҳолати назъ (ҷон кандан), сахтиҳои он лаҳза ба маърази хонандаи пандгиранда мегузарад.
Фазилати сура дар ривоятҳои зерин на онқадар саҳеҳ баён шудааст:
Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Шахсе сураи «Воқеъаҳ»-ро ҳар шаб хонад, он кас абадӣ камбағал нагардад».
Абдуллоҳ бемори марг шуд. Амирулмӯъминин Усмон бинни Аффон (р) ба аёдати ӯ рафт ва ба ӯ гуфт: «Чӣ шикоят дорӣ?». Абдуллоҳ гуфт: «Гуноҳҳоям»-ро. Амири муъминон пурсид: «Чӣ иштиҳо дорӣ?». Мариз посух дод: «Раҳмати Парвардигорамро». Усмон гуфт: «Оё амр кунам табибро барои ту?». Абдуллоҳ гуфт: «Табиб худаш маро бистарӣ намудааст». Он ҳазрат (р) гуфт: «Оё амр кунам ба ту чизе диҳанд?». Бемор гуфт: «Ба ин ҳоҷат надорам». Усмон (р) пурсид: «Оё барои духтаронат баъд аз ту чизе боқӣ мемонад?». Абдуллоҳ гуфт: «Магар камбағалиро бар духтарони ман ҳайф медонӣ? Ман ба духтарони худ амр кардаам, ҳар шаб сураи Воқиаҳро бихонанд, зеро аз расули Аллоҳ (с) шунида будем, ки мегуфт: «Ҳар кӣ ин сураро ҳар шаб бихонад, абадӣ камбағал намешавад».
Аз ин ҷост, ки бузургон хондани сураи мазкурро ҳар шаб одат кардаанд. Ин буд як назари кӯтоҳ ба муқаддимаи сураи Воқиъаҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «