Сураи Залзала (Зилзол, Зилзила) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Залзала / Зилзол – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Залзала 99-уми сураи Қуръон буда, дар Мадинаи мунаввара нозил шудааст аз 8 оят иборат аст.

Ин сура дар Мадина нозил шудааст, яъне Мадинист, лекин дар рафтору услубаш ба сураҳои Маккагӣ монанд аст. Сураи мазкур бо васфи баъзе воқеаҳои рӯзи қиёмат сар мешавад. Инчунин дар хусуси заминҷунбии сахте, ки дар он рӯз ба вуқӯъ меояд, маълумот медиҳад. Дар он рӯз ҳар чизе, ки дар рӯйи Замин ҳаст аз коху қасрҳо ва кӯҳу теппаҳо, ҳама аз бехубун вайрон шуда, ба хок яксон мешаванд.

Боз дар он рӯз воқеъаҳои аҷибе рух медиҳанд, ки инсон аз дидани он мадҳуш мешавад. Замин ҳар чизе ки дар батн дорад (хазинаву боигариҳо, ҷасаду устухонҳои мурдагон ва ғайра) ҳамаро ба берун мебарорад. Замин дар бораи амалҳои нек ва бади ҳар як инсон шаҳодат ҳам медиҳад.

Дар охири ин сураи карима тақсимшавии мардум ба некбахтону бадбахтон ва аз маҳшаргоҳ ба сӯйи Ҷаннат ё Дӯзах равоншавии онҳо баён мегардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Залзала «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Залзала (Зилзол) Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)