Тафсири Сураи Зухо – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зуҳо 93-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 11 оят иборат аст.
Дар ривояти саҳеҳ чунин омада, ки боре то муддати 19 рӯз ҳазрати Ҷабраил (а) ба ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ваҳй наоварданд. Мушрикони Макка фурсатро муносиби ғарази худ дониста, изҳор мекарданд, ки Парвардигори Муҳаммад бар ӯ ғазаб карда, дигар ба вай ваҳй намефиристад.
Расули Худо (с.) аз ин дар андеша гашта, ғамгин шуданд. Барои радди ақидаи кофирон ин сура нозил шуд. Ибтидои сура бо ёд кардани савганд сар шуда, дар давоми он аз инъомҳо ва марҳамате, ки Аллоҳтаъоло ба ҳазрати Муҳаммад (с) арзонӣ доштааст, як-як ёдрас карда мешавад.
Ин буд назари мухтасар ба мундариҷаи сураи “Зуҳо”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зуҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «