Бузургмеҳри Бухтакон, Бузурҷмеҳр, вазири хирадманд ва донишманди аҳди подшоҳии сулолаи Сосониён Хусрави I Анӯшервон (ҳукмрони 531-579). Дар осори адабии форс-тоҷик номи Бузургмеҳр бори нахуст дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, шоҳ Хусрав хобе мебинад, ки дар таъбири он донишмандони дарбор оҷиз мемонанд. Мунодиёнро ба гирду атроф фиристода, таъбири хоби шоҳро мепурсанд. Дар Марв яке аз мунодиён — Озодсарв аз омӯзгоре таъбири хоби шоҳро суол мекунад, вале ӯ намедонад. Аммо шогирдаш Бузургмеҳр изҳор менамояд, ки таъбири хобро медонад, вале онро танҳо ба шоҳ гуфта метавонад. Бузургмеҳрро ба дарбори Хусрави Анӯшервон меоранд ва таъбири гуфтаи вай дуруст мебарояд. Бузургмеҳр дар дарбор назди донишмандон илмомӯзиро идома дода, дертар яке аз наздикону ҳамнишинони шоҳаншоҳ мегардад. Бино ба ривояти «Форснома»-и Ибни Балхӣ, Бузургмеҳр ҳамеша дар назди шоҳ бар курсии зарин менишаст. Дар осори Фирдавсӣ, Ибни Балхӣ, Абуҳанифаи Диноварӣ, Авфии Бухороӣ, Фазлуллоҳи Қазвинӣ, Хондамир, Мирхонд баъзе лаҳзаҳои рӯзгори Бузургмеҳр тасвир шудаанд. Аз рӯи сарчашмаҳои адабиву таърихӣ давраи кӯдакӣ ва ҷавонии Бузургмеҳр дар Марв гузаштааст. Маъхазҳои дастрас роҷеъ ба ду кашфиёти Бузургмеҳр ривоят кардаанд. Нахуст шоҳи Ҳиндустон Дибшарм ба Хусрави Анӯшервон шатранҷро фиристода кушодани рамзи онро пешниҳод мекунад. Бузургмеҳр рамзи бозии шатранҷро, ки бо усули «ҳарб» сохта шуда буд, дарёфта, дар навбати худ нардро бо усули ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ месозад ва барои рамзкушоӣ онро ба Ҳиндустон мефиристад. Ҳакимону донишмандони ҳинду рамзи нардро кушода натавонистанд ва назди заковати донишманди эронӣ сари таъзим фуруд оварданд. Подшоҳи Ҳиндро лозим омад, ки муддате ба Эрон хироҷ пардозад.
Бузургмеҳр боре ба ғазаби шоҳ гирифтор шуда ба зиндон афтод. Қайсари Рум сандуқчаи сарбастаеро ба Хусрави Анӯшервон фиристода, андарунаш чӣ доштани онро пурсид. Шоҳ барои посух гуфтан Бузургмеҳрро даъват кард. Бузургмеҳр муаммои ин сандуқчаро дарёфта, аз зиндон озод гардид. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар манбаъҳо оид ба поини умри Бузургмеҳр чизе оварда нашудааст. Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳо, Бузургмеҳр гӯё бо амри Хусрави Парвиз ба қатл расидааст. Бархе аз донишмандон сабаби зиндонӣ шудан ва ба қатл расидани Бузургмеҳрро рӯ овардан ба мазҳаби дигар донистаанд.
Намунаи осори Бузургмеҳр, ки то имрӯз расидаанд:
1) Пандномаи Бузургмеҳри Бахтакон (Бухтагон). Бо фармони шоҳаншоҳ Хусрави I Анӯшервон навишта шудааст ва масъалаҳои сирф ахлоқиро дар бар мегирад. Матни паҳлавии он соли 1885 дар Теҳрон бо дастури Пасутан Баҳром Санҷоно ба табъ расид ва Маликушшуаро Баҳор онро ба форсӣ гардондааст.
2) «Зафарнома», ки нахустин бор аз ҷониби Шарл Шефер соли 1883 дар Фаронса ба табъ расид ва ҷавобҳои Бузургмеҳрро ба Хусрави Анӯшервон гирд овардааст. (Қисмате аз Зафарнома дар сомона мавҷуд аст, метавонед хонед >>Зафарнома)
3) Боби «Барзуяи табиб» аз китоби «Калила ва Димна».
4) «Модикони шатранҷ», ки соли 1968 тавассути Муҳаммадтақии Баҳор дар Теҳрон тарҷума ва чоп шудааст.
Осори дигари Бузургмеҳр инҳоянд:
1) «Бозномаи Кисро Нӯшервон», ки то замони таълифи «Ҷомеъу-л-улум»-и Фахруддини Розӣ (1149-1209) вуҷуд доштааст.
2) «Тарҷумаи Ҳирбадсор».
3) «Гирдоварии донишафзоии Нӯшервонӣ дар таърихи подшоҳии Эрон».
4) «Гузида дар аҳкоми нуҷум», ки дар садаҳои нахустини ислом боқӣ будааст.
5) Асараш бо номи «Бузургмеҳр фӣ масоили-з-зиҷ», ки дар давраи Сафавиён дар Эрон тадрис мешудааст.
Дар аксар осори адабиву таърихии манзуму мансури форс-тоҷики гузашта ва муосир Бузургмеҳр вазири донишманду ботадбир зикр шуда, дар борааш достонҳову ривоятҳо дарҷ гардидаанд. Бузургмеҳр дар адабиёт симоест, ки ифодагари доноӣ, хирадмандӣ, рою тадбир мебошад.
Бузургмехр ки буд? Намунаи осори Бузургмехр вазир.


