Баъди таваллуди фарзанд аҳли хонавода, одатан хеле сертараддуду серташвиш мешаванд. Барои вай сару либос, ҷойи хоб, хӯрок ва ҳоказо даркор аст. Аммо волидони кӯдак ва хешу табор аксар вақт ба як чиз бештар андармон мешаванд, ки он ҳам ҷустуҷӯйи ном (номи точики маънои ном) аст. Ин, албатта, кори хеле муҳимму масъулиятнок аст.

Кас мехоҳад, ки ном ҳам хушоҳанг, ҳам пурмазмун ва ҳам ҳозиразамон буда, ба аксарияти аъзоёни оила маъқул бошад. Номро бояд тавре интихоб кард, ки баъд боиси пушаймонӣ нагардад. (номи точики, номхои точики бо маънохояш, китоби номнома) Ҳама чизро иваз кардан мумкин аст, вале номро аксар вақт бадал намудан амри маҳол аст. Барои ҳамин ҳам интихоби ном бояд амалан мулоҳизакоронаю масъулиятнок бошад. Дар ин кор маълумоти мо дар хусуси ном ҳар қадар васеътару мукаммалтар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Вале, пеш аз ҳама, мо бояд аз моҳияти исми одам каму беш воқиф бошем.
Мо барои шумо тамоми номҳоро дар як китоби Номнома ҷҷамъоварӣ намудем, ки метавонед онро аз инҷо дарёбед: Номнома: номҳои тоҷикӣ бо маъноҳояшон.
Агар шумо дугоник фарзанддор шудед ва барои онҳо наметавонед номи мувофиқ пайдо созед, пас да инҷо тамоми номҳо барои дугоникҳо ҷамъоварӣ шудаанд: Номҳо барои дугоник.



марзия чи маъно дорад