Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Ҳамду санои беадад бар Мураббӣ ва Подшоҳи ҳақиқии ҳарду саро, ки инсонро беҳтарини махлуқоташ офарида ба ӯ ақлу идроку неъмати сухан гуфтану китобат карданро додааст, ки ба ягон махлуқи дигараш ин неьмати бузургро надодааст.
Дуруду раҳмати бепоён бар ҳабиби Аллоҳ ҳазрати Муҳаммад (саллоҳу ъалайҳи васаллам), ки раҳматал лилъоламин, рисолатовари Илоҳӣ бар тамоми башарият ва хотами пайғамбарон аст ва бар хонадони поку ҳамроҳони ростии ва давомдиҳандагони роҳи ӯ то рӯзи қиёмат.
Албатта намоз хондан инсонро аз ҳар гуна феълҳо ва корҳои бад боз медорад.
Барои ҳамин ҳам сомонаи DONISH.SU | Сӯйи ДОНИШ тасмим гирифт аз рисолаи “Чӣ тавр намоз бояд хонд?”- мақола нашр намояд. Рисола ба қалами Ҳошими Хатлонӣ тааллуқ дорад. Ин рисола ба таври умумӣ таҳорату намозро дар бар гирифтааст, инчунин баъзе нозукиҳо дар намоз барои занҳо оварда шудааст. Ҳар як мавзӯи ин рисола дар шакли як мақола оварда шуда, дар сомона нашр хоҳад шуд.

Ҳамаи мавзӯҳои рисолаи “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” дар бахши Ислом ва барчаспи “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” нашр мешаванд.
Марҳамат рӯйхати омӯзиши панҷ вақт намоз:
- Тарзи таҳорат кардан
- Тарзи хондани намози БОМДОД
- Тарзи хондани намози ПЕШИН
- Тарзи хондани намози АСР (ЪАСР)
- Тарзи хондани намози ШОМ
- Тарзи хондани намози ХУФТАН
Умед дорем, ки шумо, азизон, масъалаҳои зарурии Исломро аз ин рисола аз худ намуда, тартиби хондани намозро омӯхта, ва ба он амал менамоед ва ин шо Аллоҳ, азизу муътабари ҳар ду олам хоҳед шуд.
Мо, Худо хоҳад, дар ин рисола аввалан он чизеро, ки барои хоҳарон ва модароне, ки иродаи аз худ кардану намоз хонданро доранд баён хоҳем кард ва низ баъзе масалаҳое, ки дар намоз ва берун аз он махсуси занҳост, ин шо Аллоҳ, баён хоҳем кард.
Пеш аз намоз, шарти аввал тоҳир (пок) будани намозхон мебошад, Мо ҳам инро ба инобат гирифта, аввалан чӣ гуна инсон зоҳири худро бо об пок кардан, яъне таҳорат карданро бо навишт ва тасвири суратҳо пешкаши шумо хоҳарон ва модарони азиз мегардонем.
Модаронро, ки Худованди Холиқу меҳрубон дар ин дунё сарчашмаи пайдоиши инсонҳо гардонидааст ва масъулияти вазнинеро, ки ин тарбияи фарзанд мебошад, ба зиммаи ӯ гузоштааст. Чӣ хуш барои модароне, ки ин вазифаи сангинро бо як ҷаҳду кӯшиши зиёд, тибқи нишондоди Холиқи якто ва нишондодҳои шариати Ӯ иҷро намуда, фарзанди солиҳеро, ки Худову Пайғамбару халқаш аз ӯ ризо мебошад, ба воя расонад. Зеро ин ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд:
“-Чӣ гунае, ки тарбияткунанда бошад, тарбиятёфта низ мисли ҳамон мешавад”.
Дӯстон ва корбарони азиз, баҳри Шумо мекӯшем, то беҳтарин маводҳоро ҳуруфчинӣ намоем, шумо танҳо сомонаи моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоед. Барои ин кофист, зери ҳар як мақоларо бинед, тугмаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, мақолаҳоро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн (поделиться) намоед, то шумо низ соҳиби аҷру савоб барои паҳн намудани маводҳои Исломӣ гардед.
Марҳамат рӯйхати мавзӯҳо:
- Рӯйхати мавзӯҳои “Чӣ тавр бояд намоз хонд?”<<
- Рӯхати мавзӯҳои “Ислом”<<
- Тарзи хондани намози БОМДОД<<
- Тарзи хондани намози ПЕШИН<<
- Дуо ва тасбеҳоти баъди НАМОЗ
Чи тавр бояд намоз хонд, тарзи намоз хондан барои зан, зан бояд чихел намоз хонад, омузиши намоз, омузиши тахорат, зан чи хел тахорат кунад, тахорат кардан, китоби намоз, тарзи намоз, тарзи хондани намоз 2020, тарзи намоз хондан, тарзи намоз точики, тарзи намоз барои занхо, тарзи хондани намоз барои мардхо, тарзи хондани намоз точики, тарзи дуруст хондани намоз, тарзи хондани вакт намоз, тарзи хондани намоз 5 вакт, тарзи хондани намоз занхо, тарзи хондани намоз барои занхо, тарзи намоз хондан барои мардхо, тарзи хондани намоз бо забони точики, тарзи хондани намоз барои мардхо точики, тарзи намоз хондан занхо, скачать тарзи намоз хондан, тарзи намоз хони.
Салом зан метавонад таробех хонананд бо имомаш занак ьошад?
Албатта
Салом тарзи хондани намози таробехро пурра мефахмондед бояд чигуна сура хонем илтимос
ДИСКИ ВИДЕОИ: ТАРЗИ ТАҲОРАТ ВА НАМОЗХОНИРО АЗ КУҶО ДАСТРАС КАРДАН МУМКИН?