Шартхои вочиб шудани закот
Бо вуҷуди даҳ шарт закот воҷиб мешавад:
1-Шарти аввал ислом. Закот ибодат аст ва онро аз моли мусулмон гирифта мешавад ва аз мусулмон пазируфта мешавад.
2-Ҳуррият ва озодӣ. Закот дар моли мусулмони озод воҷиб мешавад ва дар моли мусулмони ғулом закот воҷиб нест. Пас агар мусулмони ғулом молеро ба нияти закот ба фақире бидиҳад садақа мешавад, вале закот намешавад.
3-Соҳиби ақлу хирад будан. Закот дар моли мусулмони озоди оқил воҷиб аст ва дар моли мусулмони озоди девона воҷиб нест. Зеро закот ибодат аст ва ибодат бар девонаҳо воҷиб нест.
4-Балоғат. Закот дар моли мусулмони озоди оқили болиғ, яъне синаш ба балоғат расида воҷиб мешавад.
Аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ наврасон дар понздаҳ солагияшон ба балоғат мерасанд ва аз дидгоҳи мазҳаби моликӣ ва дар назари Имом Абуҳанифа дар ҳаждаҳсолагияшон ба балоғат мерасанд. Ин воҷиб нашудани закот дар моли ноболиғон аз он ҷиҳат ҳаст, ки закот ибодат аст ва ибодат баъди ба балоғат расидан воҷиб мегардад.
www.donish.su
5-Молики мулки комил. Агар касе моли мусулмони озоди оқили болиғро ғасб ё мусодара бикунад ва ӯ қудрати баргардонидани молашро надошта бошад, то замони молашро дубора ба даст овардан бар вай закот воҷиб намешавад.
Зеро молаш аз ихтиёри ӯ баромадааст ва молики комили он мол нест. Инчунин закот воҷиб намешавад агар молашро гум кардааст ва ё дар маконе пинҳон ё зери хок карда бошад ва он маконро фаромуш карда бошад ва онро пайдо карда натавонад.
6-Нисоб ва миъёри шариъат барои воҷиб шудани закот муқарраркарда. Закот дар моли мусулмони озоди оқили болиғи бар молаш қудрати тасарруфи комил дошта ба шарте воҷиб мешавад, ки молаш бо қиммати нисоб ва миъёри шариъат барои воҷиб шудани закот муқараркарда баробар аст ё бештар аз он мебошад.
Он нисоб ва миъёри шариъат муқарар карда 85 грм. тилло ё моли қимматаш баробари он аст.
7- Изофа бар ҳоҷати аслӣ бошад. Ҳоҷати аслии инсон хона, матоъи хона, нафақаи зану фарзанд ва ғайра мебошанд, ки инсон барои ҳаёташ ба он ашё зарурат дорад. Баъзе уламо маркаб ва мошинро низ дар ҳоҷати аслӣ барои ҳаёт даровардаанд.
Пас закот дар моли мусулмони озоди оқили болиғи бар молаш қудрати тасарруфи комил дошта ба шарте воҷиб мешавад, ки молаш бо қиммати нисоб ва миъёри шариъат барои воҷиб шудани закот муқараркарда баробар аст ё бештар аз он мебошад ва зарурат ба харидани хона, ашёи хона ва сарф кардани ин мол дар нафақаи аёлаш надошта бошад.
Пас агар зарурат ба сарф кардани ин мол барои харидани хона ва ашёи он ва ё нафақаи аёлаш дошта бошад ва аз миқдори молаш моли миқдори ҳоҷати аслияшро бароварда шавад, миқдори мол аз нисоб кам гардад бар вай закот воҷиб намешавад. Аммо агар баъди баровардани миқдори мол барои ҳоҷати аслӣ миқдори нисоб дар молаш боқӣ бимонад бар вай закот аз он миқдори боқимондаи мол воҷиб аст.
www.donish.su
8-Гузаштани сол. Мурод аз гузаштани сол ин ҳаст, ки аз моли ба миқдори нисоб расида ба шарте закот додан воҷиб мешавад, ки як сол он миқдори мол дар мулкаш боқӣ монда бошад. Пас агар аз рӯзи ба нисоб расидани молаш як сол нагузашта бошад бар вай закот воҷиб намешавад.
Дар инҷо муътабар ибтидо ва интиҳои сол аст ва ончи дар аснои сол молаш аз нисоб кам шуда бошад ҳеҷ эътиборе надорад. Мурод аз ибтидои сол рӯзи молаш ба нисоб расидан аст ва аз интиҳои сол рӯзи як сол бар он мол гузаштан аст, на ибтидо ва интиҳои соли ҳиҷрӣ ё милодӣ.
9-Қарздор набошад. Пас агар шахси мазкуре, ки молаш ба миқдори нисоб расидааст ё аз нисоб бештар аст аз касе қарздор бошад он миқдори қарзро аз молаш бароварда мешавад.
Агар баъди баровардани қарз молаш аз нисоб кам шавад бар вай закот воҷиб намешавад, валекин агар миқдори қарз кам бошад ва баъди баровардани миқдори қарз молаш аз нисоб кам нашавад, бар вай аз боқимондаи молаш закот додан воҷиб аст. Аммо қарзи Аллоҳ таоло, мисли кафорати қасам, назри адо нашуда ва ғайра монеъи воҷиб шудани закот намешавад.
10- Моли ҳалол бошад. Закот ибодати молӣ аст ва ибодат бо моли ҳалол карда мешавад на бо моли ҳаром.
Хулосаи мавзӯъ
Закот дар моли мусулмони озоди болиғи оқил бо панҷ шарт воҷиб мешавад:
1-Дар молаш мулки комил ва тасаруфи том дошта бошад.
2-Молаш ба нисоб ва миъёри шариъат барои воҷиб шудани закот муқараркарда расидааст ё бештар аз он бошад.
3- Он моли андухтааш изофа бар ҳоҷати аслияш бошад.
4- Он моли андухтааш як сол ё бештар аз он дар мулкаш боқӣ монда бошад.
5-Қарздор набошад.
6-Моли андухтааш аз роҳи ҳалол ба даст омада бошад ва аз рибо, дуздӣ, порахурӣ, ғасбкунӣ, тиҷорати хӯку арақ, даромади аз ливота ва зино ва дигар умурӣ аз дидгоҳи шариъат ҳаром набошад.


