Дар зиндагӣ бо нафароне вохӯрдаед, ки дар ҳеҷ ҳолате асабӣ намешаванд, ранҷ намекашанд? Чунин фикр мекунед, ки ҳеҷ воқеае рух надода бошад. Ин гуна одамон мушкилиҳоро бо писханд менигаранд. Шояд фикр намоед, ки инро ба онҳо табиат додааст ва шумо наметавонед, он гуна бошед. Аммо ин тавр нест. Барои бо мушкилиҳо бархурди дуруст намудан чанд тавсияи зерро мутолиа кунед.
1. Ҳеҷ гоҳ ғамгин нашавед
Дар ҷое хонда будам, мутаасифона номи муаллифи ин сухан дар хотирам нест. Нафаре гуфтааст: “Мушкилии Шумо ҳалшаванда бошад, ғам хурдан барояш бемаъност, чунки маълум аст, ки рӯзе ҳамааш хуб мешавад. Ашар мушкили Шумо ҳалнашаванда бошад, ғам хурдан фоидае надорад, чунки бо вуҷуди ғамгин будани Шумо он ҳал намешавад.” Пас, набояд ғамгин шуд. Дуруст фикр кунед.

2. Некбин бошед.
2 нафар як гулро диданд. Яке гуфт: “Чӣ дунёи баде, инро бин, ҳатто гул ҳам хор дорад.” Дигар ҷавоб дод: “На, чӣ дунёи хубе, инро бин, ҳатто хор ҳам гул дорад. Ҳар мушкиле пеш ояд, агар бо чашми нек ба он нигарем, ҳатман роҳи хуби ислоҳ кардани онро пайдо хоҳем кард.
3.Оқибати бадтарини онро пеши рӯ оваред.
Дейл Карнеги аз нақли як ҳамсуҳбаташ овардааст. Ҳамеша дар ҳолати пайдо шудани мушкилӣ оқибати бадтарини онро пеши рӯ биёред. Аз худ пурсед, ки ин мушкил Шуморо ба кадом ҳолатҳои бадтарин рӯ ба рӯ мекунад. Баъдан хаёлан худро дар ҳамон ҳолат тасвир кунед, ва андешед, ки агар ҳамон ҳолат имрӯз амалӣ шуд, дар зиндагии Шумо чӣ ҳодиса мешавад. Ин Шуморо аз ҳаяҷони зиёд ҳифз мекунад ва барои интихоби роҳи дурусти ҳали мушкилӣ кумак мерасонад.
Тавсияҳои беҳтаре дар робита ба ин медонед? Пас, марҳамат БИНАВИСЕД!



Рост меген, неким зик нашуда намеша