Ватан! Чӣ гуна калимаи зебост, сода, дилнишин ва равон. Дар он ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст. Ватан болу пар, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
Ватан мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус, виҷдон ва обрўю эътибори мо мебошад. Оре, Ватан маконест, ки мо дар он чашм ба дунё кушодем. Сарзаминест, ки мо нахуст қадамҳои хешро дар хоки он гузоштем, аз оби чашмасоронаш нўшидаему аз ҳавои муаттараш нафас кашидаем. Ватан ҷоест, ки бо он мо мефахрему сарфарозиҳо дорем.
Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рўд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар гулгулшукуфоии давлати воқеии дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем, Бо эътимод гуфта метавонем, ки мо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, Ватанро ободу зебо мегардонем. Ақли солим, неруи хирадмандона ва фарҳанги волои мардуми тоҷик буд, ки мо ба ваҳдаду ягонагӣ ва сулҳу оромӣ Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба Ватан, тафохур аз гузаштаи пурифтихор дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намояд, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ саҳмгузор бошад.
Мо тоҷикистониён ҳуқуқи комил дорем, ки бо Ватани ҷоноҷон – Тоҷикистони азиз, бо миллати мутамаддин, бо забони фасеҳ, бо таърихи бойи аҷдодонамон ифтихор намоем. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамоми арзи ба амнияту ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои волои мо бошад. Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Тоҷикистон–давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба меҳнат, манзил, таҳсил, истироҳат, кафолати таълими иҷтимоӣ ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Дар шароити имрўза мо метавонем, ки ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем. Ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ва ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.
ватанам, ватанам точикистон, ватанам чон ватанам, ватанам точикистон иншо, эссе ватанам точикистон, гуфтам ватанам, эй хамватан ум хоки ватанам, лоик шерали ватанам, гуфтам ватанам зикриоллох, иншо дар васфи ватанам чону дилам, зикриоллох хакимов гуфтам ватанам, иншо дар бораи ватанам, ватанам точикистон шеър, эссе дар бораи ватанам точикистон
Рахмат барои иншохо
Раҳмат барои иншо хеле писанд омад
Хеле хушем омад ташакур барои иншо
рахмат барои иншо
Рахмат баром ин иншо
Рахмат Барри навистан
Рахмат барои иншо
Аз ин сайт чизҳои зиёд ёфтан мумкин аст. Раҳмат барои ин сайт!
Хазор Рахмат барои иншохо хеле зебост
Ин иншо хеле зебо аст.
Хатогиҳо хеле бисёранд
Баҳтарин