Шоҳбайтҳо #2

0

10 шоҳбайти ноб аз ганҷури назми форсии тоҷикӣ

Ҳадиси мору ҳезумкаш гувоҳ аст,
Бирав бад бош, хубӣ ҳам гуноҳ аст.

Як бандаи осием, не шоҳу вазир,
Корат, ки надорем, ба мо кор нагир.
© Хайриддин Хайрандеш

Бар сарат сатри ҳаё, аз чашми номаҳрам паноҳ,
Бар лабат оёти Ҳақ, хосту мақбули Худо.
Тозагиат бо чӣ нисбат созам, эй ҳурруллиқо?
Хоҳари исломие, аз мо фақат дасти дуо.

Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст,
Ишқбозӣ дигару нафспарастӣ дигар аст.
© Шайх Саъдӣ

Ман аз сагбачае саг парваридам,
Ба дандон зад маро рӯзе ба ангушт.
Яке тирафканӣ омӯхт аз ман,
Чу тирандоз шуд, аввал маро кушт.
© Фарзона

Ман ҳисобам зи ҳама мардуми ин шаҳр ҷудост,
Ман умедам ба Худо, баъди Худо ҳам ба Худост.

Осмон бо он бузургӣ тоби як одам надошт,
Бар замин бингар, чӣ бореро таҳаммул мекунад.
© Рустами Ваҳҳоб

Ба ҷуз ризқи муқаддар нест мумкин ҳосили комат,
Агар чун анкабутон ришта дар сад бому дар печӣ
© Бедил

Ҳар гаҳ ду тоҷике ба ҳам русӣ сухан кунанд,
Зинда ба зинда модари худро кафан кунанд.
© Лоиқ Шералӣ

Хилофи тариқат бувад к-авлиё,
Таманно кунанд аз Худо ҷуз Худо.
© Шайх Саъдӣ


Барчаспи силсиламақолаҳо

Шоҳбайтҳо #1

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 11-20
Мақолаи баъдӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 21-30