Шоҳбайтҳо #3

0

10 шоҳбайти ноб аз ганҷури назми форсии тоҷикӣ

Зодгоҳам дар забони ман муҷассам гаштааст,
Ҳар куҷо тоҷик бошад, Тоҷикободи ман аст.
Рустами Ваҳҳоб

Бар хати марзи Ватан хокам кунед,
То шавад санги мазорам сангаре.
Рустами Ваҳҳоб

Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,
Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.
Фаррухии Яздӣ

Дӯстам! Мағзи шарифат ҳуҷҷати меъёр нест,
Ҳар касе чун ту наандешад, ҷинояткор нест.
Рустами Ваҳҳоб

Мард агар теғ занад бар ҷигарам, боке нест,
Ман ҳалоки ҳадафи таънаи номардонам.
М.Шукурзода

На нун медонаду не кофу не мим,
На тарҳу ҷамъ, не зарбу на тақсим.
Муҳоҷир гашт як дунё муаллим,
Кӣ дигар медиҳад атфол таълим?
Нуралӣ Хоркашев

Ё Раб, сухане, ки дар тавонам набувад,
Онгуна бикун, ки дар забонам набувад.
Он нӯш мадеҳ, ки бар зиёнам бошад,
Он неш бидеҳ, ки дар зиёнам набувад.
© Рустами Ваҳҳоб

Қалби ману қалби шабу қалби Қуръон,
Дар панҷа гирифта қалби бемори замон.
Мегӯяму мехурӯшаму мезорам:
Ё Шофиву ё Карим, ё Раб, дармон!
© Рустами Ваҳҳоб

Хурӯсе дертар аз хоб барҷаст,
Бизад бонг: “Офтобе рафт аз даст!”
© Рустами Ваҳҳоб

Борҳо бурдам ҳасад бар соати девори худ,
Ман ҳама бекор будам, ӯ ҳама дар кори худ.
© Рустами Ваҳҳоб


Барчаспи силсиламақолаҳо

Шоҳбайтҳо #2

Мақолаи қаблӣТаълими Ислом. Савол ва посух. Саволҳои 21-30
Мақолаи баъдӣҲаёт ва фаъолияти Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид