Бояд, ки одам тани худро аз чор чиз нигоҳ дорад, аз ин чор чиз ҷонро нуқон афтад:

Аввал, хурдани бисёр, зеро ки ҳар кӣ бисёр хӯрдан одат дорад, меъдаи ӯ заиф гардад ва бод бар шиками ӯ пайдо шавад, аз ӯ бодҳо ва иллатҳо падид ояд.
Дуввум, аз муҷомаъати (ҳамхобагии) бисёр, зеро ки ҳар кӣ ҳамхобагӣ (алоқаи ҷинсӣ) бисёр кунад, гурдаи ӯ заиф шавад, равшании чашмро зиён дорад ва ба лаззати ҳамхобагӣ нуқсони рӯҳ гардад.
Сеюм, хоби бисёр, зеро ки хоб рӯи одамиро зард кунад, чашм варам шавад ва умр ба коҳиш афтад.
Чорум, аз гуфтани бисёр. Ҳар кӣ бисёр гуфтан одат дорад ва бар забони вай дашном ва сафсата бисёр равад, мағзи сараш нуқсон пазирад ва бими савдо* дорад. (*Чизи сиёҳрангест, ки мавҷудияти он дар бадан дардро қувват мебахшад, бемории молихулиё).
| ШОЯД ИНҲО ҲАМ ПИСАНДАТОН ОЯНД |


