Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ (савол ва посух – саволҳои 21-30). Таълими Ислом бар асоси фикхи мазхаби ханафи (савол ва посух – саволхои 21-30).

Пурсишҳои 11-20 – ро инҷо хонед.
Пурсиши 21: Далели ин ки Ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбар ва фиристодаи Худост, чист?
Посух: Тавассути он Ҳазрат чунон корҳо ва умур шоистае анҷом гирифтааст, ки ба ҷуз Паёмбар аз дигар касе имкони анҷом ва вуқуъи онҳо вуҷуд надорад.
Пурсиши 22: Чӣ далеле вуҷуд дорад, ки Қуръон китоби илоҳӣ аст?
Посух: Ин гуфтори Паёмбар (с), ки фармудааст: «Қуръон китоби Худо аст ва онро бар ман нозил кардааст».
Пурсиши 23: Қуръони маҷид дар як бор бар он Ҳазрат нозил гардида ё дар чандин бор?
Посух: Қуръон дар замонҳои мухталиф тадриҷан ва мутобиқи хосту ниёзи замон бар он Ҳазрат нозил шудааст.
Пурсиши 24: Қуръон дар муддати чанд сол нозил шудааст?
Посух: Дар муддати бисту се сол.
Пурсиши 25: Қуръони маҷид чӣ гуна нозил шудааст?
Посух: Ҳазрати Ҷабарил алайҳссалом, ки маъмури расондани ваҳй ба паёмбарон аст, гоҳе як оят ва гоҳе як сураро аз сӯи Худованд меовард ва барои он Ҳазрат (с) тиловат мекард. Паёмбари акрам пас аз шунидани он котибон ва нависандагони ваҳйро ҳозир мекард ва дастур медод, то Қуръонро ёддошт кунанд ва бинависанд.
Пурсиши 26: Чаро худи Паёмбар ваҳйро наменавишт?
Посух: Чунки он Ҳазрат «уммӣ» буданд.
Пурсиши 27: «Уммӣ» чӣ касеро мегӯянд?
Посух: Касе, ки саводи хондан ва навиштанро аз касе наомӯхта бошад, онро уммӣ меноманд. Гарчи он Ҳазрат илму донишро аз касе фаро нагирифта буд, вале тибқи омӯзиш ва лутфи Худованд аз тамоми махлуқот олитар буданд ва Худованд илмҳои бисёреро ба эшон иноят фармуда буд.
Пурсиши 28: Ҷабарил алайҳиссалом чикора аст?
Посух: Фариштаест, ки ваҳй ва амри Худовандро ба паёмбарон мерасонад.
Пурсиши 29: Мусулмон Худовандро чӣ гуна ибодат ва бандагӣ мекунад?
Посух: Намоз мехонад, рӯза мегирад, закот медиҳад ва ҳаҷ мекунад.
Пурсиши 30: Намоз чист?
Посух: Намоз ибодат ва равиши махсусе аст, ки бо он Худовандро бандагӣ мекунем ва чигунагии он дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбари акрам ба мусулмонон омӯзиш дода шудааст.
Аз китоби “Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ”
Давом дорад …


